Дар остонаи баргузории ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 21 октябр дар шаҳри Душанбе доир мешавад, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Максат Асаналиев мулоқот намуд, иттилоъ додааст АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва таъмини амнияти минтақавӣ баррасӣ карда шуданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба мубориза бо терроризм ва экстремизм, муқовимати муштарак ба ҷинояткории фаромиллии муташаккил ва таҳияи чораҳои муассир оид ба мубориза бо ҷинояткории киберӣ равона карда шуд.
Ҳамчунин дар мулоқот оид ба баимзорасонии Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар самти делимитатсияю демаркатсия ва сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров сухан гуфта шуд. Таъкид гардид, ки ин Созишнома қадами таърихӣ буда, эътимод ва ҳамсоягии нек, инчунин муносибати бародаронаро тақвият дод.