Чин, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон роҳи нави нақлиётиро ифтитоҳ намуданд

Shared to Facebook

15 октябр аз шаҳри Қошғари Чин аввалин қатораи байналмилалии контейнерии мультимодалӣ дар самти Чин–Қирғизистон–Узбекистон–Туркманистон–Озарбойҷон ба ҳаракат баромад, хабар медиҳад «Голос Центральной Азии» (Садои Осиёи Марказӣ).

Тибқи иттилои агентии Trend бо истинод ба ширкати «Узтемирйулконтейнер», борҳо аз шаҳрҳои Сиан ва Ченду бо роҳи оҳан ба Қошғар расонда мешаванд, сипас бо нақлиёти автомобилӣ ба шаҳри Ӯш интиқол меёбанд ва аз он ҷо бо роҳи оҳан то бандари Туркманистон ва баъдан бо роҳи баҳрӣ ба шаҳри Боку фиристода мешаванд.

Ин роҳ шохаи ҷанубии масири байналмилалии нақлиёти байниқитъавии Каспий мебошад. Тибқи нақша, борҳо 21 октябр ба Узбекистон ва 24 октябр ба Туркманистон мерасанд.

Ифтитоҳи ин роҳи нав ба баланд бардоштани самаранокии логистика, таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ ва ташаккули роҳи муосири боркашонӣ байни Осиё ва Аврупо дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» равона шудааст.

➡️ Голос Центральной Азии