Футбол: Ғалабаи аввалини Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Горан Стеванович

Shared to Facebook

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» бар тими Малдив пирӯзӣ ба даст овард, иттилоъ додааст varzishtv.tj.

Ин аввалин ғалабаи тими миллии Тоҷикистон зери роҳнамоии сармураббии нав Горан Стеванович аст.

Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Шаҳром Самиев ва Шервонӣ Мабатшоев заданд.

Дар даври чаҳоруми даври интихобии Ҷоми Осиё-2027 мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо Малдив бозӣ хоҳад кард. Ин вохӯрӣ 14 октябр дар шаҳри Мале баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон дар даври аввал Тимори Шарқиро бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст дода, дар даври дуюм бо Филпиппин натиҷаи мусовии 2 бар 2-ро ба қайд гирифт.

Дар гурӯҳи “А” ҳоло тими миллии Тоҷикистон бо касби 7 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Филиппин бо 7 имтиёз дар ҷои дуюм, Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм ва Малдив бидуни имтиёз дар зинаи охир аст.