Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Русия

Shared to Facebook

Музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Русия дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин дар Қасри миллат оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, аз густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, амниятӣ ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ изҳори қаноат намуданд.

Муҳтарам Владимир Путин, дар навбати худ Тоҷикистонро ҳампаймони боэътимод номида, изҳор доштанд, ки Русия чунин муносибатҳоро бо он баланд қадр мекунад.

Бо ишора ба  рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши намоёни ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ва ҳамчунин, ба натиҷаҳои интизорӣ аз музокироти имрӯза, изҳори бовар карда шуд, ки робитаҳои Тоҷикистону Русия минбаъд ҳам ба нафъи мардумони ду кишвар бемайлон густариш хоҳанд ёфт.

https://www.president.tj