Макрон аз мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи Афғонистон пуштибонӣ кард

Shared to Facebook

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон аз мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи Афғонистон ва “Толибон” пуштибонӣ кард. Вай гуфт, сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Фаронса имкон медиҳад, ки муколама оид ба амнияти минтақавӣ ва ба эътидол овардани вазъ дар минтақа тақвият ёбад.

“Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад ва ин ҳоло боиси нигаронии зиёд аст”, — гуфт Макрон дар нишасти хабарии қабл аз музокирот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

“Дар ҷараёни ин сафари расмӣ мо метавонем масъалаҳои амнияти минтақавиро дар ин давраи номуайян ҳамаҷониба баррасӣ кунем, инчунин метавонем кумакҳои мушаххасеро, ки Фаронса метавонад барои ба эътидол овардани вазъ ба Тоҷикистон расонад, муҳокима кунем”, — гуфт раҳбари Фаронса.

Ҳамчунин, Президенти Фаронса аз талошҳои Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъ дар минтақа истиқбол кард:

“Мехоҳам нақш ва мавқеъи Шуморо эътироф кунам, ки барои ба эътидол овардани вазъи тағйирёфтаи минтақа хидмат мекунанд. Ва ҳамчунин, ба мавқеи кишваратон, ки бо гурӯҳҳои террористӣ ҳеҷ гуна созиш намекунад, ҳамчунин, ҳифзи арзишҳоямон, бахусус ҳуқуқҳои занон”, — гуфт Президенти Фаронса.


“Фаронса шарики муҳим, боэътимод ва боварибахши Тоҷикистон дар Аврупо”

Суханронии Президенти Тоҷикистон дар назди хабарнигорон қабл аз мулоқот бо Президенти Фаронса

Муҳтарам ҷаноби Президент,

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба ҷаноби Президент барои даъвати расмӣ ҷиҳати анҷом додани сафар ба Ҷумҳурии Фаронса самимона изҳори сипос намоям.

Мо сафари кунунии худро ҳамчун намунаи дигари муносибатҳои наздик ва дӯстонаи ду кишвар медонем.

Мо чорабиниҳои фарҳангиеро, ки дар ҷараёни ин сафар ба нақша гирифта шудаанд, аз лиҳози муаррифии густурдаи Тоҷикистон дар Фаронса ва умуман дар Аврупо руйдоди муҳим арзёбӣ менамоем.

Тоҷикистон Фаронсаро шарики муҳим, боэътимод ва боварибахши худ дар Аврупо медонад.

Дар сиёсати хориҷии давлати мо ҳамкории самарабахш бо он яке аз ҷойҳои афзалиятнокро ишғол менамояд.

Омодаем, ки бо иқдомҳои муштараки минбаъда муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Тоҷикистону Фаронсаро таҳким бахшида, густариш диҳем.  

Мулоқоту музокороти имрӯза ба мо барои баррасии ҳамаҷонибаи самтҳои калидии рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии гуногунҷанбаамон имконоти хуб фароҳам меоранд.

Ҳамчунин ният дорем, ки масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти амният ва вазъ дар кишвари ба мо ҳамҷавори Афғонистон ба таври муфассал баррасӣ намоем.

Бори дигар ба ҷониби Фаронса барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуда, ба мардуми дӯсти Фаронса самимона некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно дорам.

Ташаккур.