Супоридани эътимодномаи сафири Тоҷикистон дар Ветнам

Shared to Facebook

3 октябри соли 2025 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам (қароргоҳ дар Пекин) Саидзода Зоҳир ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг эътимодномаи хешро супорид, иттилоъ додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни маросими супоридани эътимоднома сафир дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам расонид.

Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ба муносибати оғози фаъолият сафири Тоҷикистонро табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.