29 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсии навбатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардиданд, хабар медиҳад ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Шарифзода Фаррух ва ҳайати Ҷумҳурии Исломии Покистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Саид Асад Алӣ Гиланӣ роҳбарӣ намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамоии ҳамкориҳои дуҷониба, татбиқи мувофиқаҳои бадастомада дар сатҳи олӣ, инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Машваратҳо дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Покистон таъкид намуданд.