Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 29 октябр бо Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров суҳбати телефонӣ анҷом дод.
“Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуданд”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.
Ҳамзамон вазирон ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла ИДМ, СААД ва СҲШ баррасӣ кардаанд.
Дар фарҷом ҷонибҳо бори дигар ҳавасмандиро барои тавсеаи баъдии ҳамкориҳо ва муносибатҳои шарикии стратегӣ байни кишварҳо иброз доштаанд.