Ҳайатҳои парлумонии Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба Бишкек омаданд

Shared to Facebook

23 сентябр ҳайатҳои парлумонӣ аз Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба Бишкек омаданд, хабар медиҳад «Садои Осиёи Марказӣ» (Голос Центральной Азии).

Муовини раиси Жогорку Кенеш Жылдыз Садырбаева раиси сенати порлумони Қазоқистон Маулен Ашимбоев, раиси сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон Тансила Нарбаева ва раиси Шӯрои Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалиро пешвоз гирифт. Меҳмонон дар Форумии III байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок мекунанд.Тавре хадамоти матбуотии Жогорку Кенеш хабар додааст, дар ҷараёни чорабинӣ баррасии чунин мавзӯъҳо, аз қабили: «Муҳоҷират ва раванди меҳнатӣ: таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва устувории иқтисодӣ», «Чораҳои қонунгузорӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва баланд бардоштани шаффофияти иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ», «Парлумонҳо ва соҳибихтиёрии рақамӣ: амнияти киберӣ, танзими ҳуқуқии муҳити рақамӣ» дар назар аст.

➡️Садои Осиёи Марказӣ(Голос Центральной Азии)