Соли оянда баргузории ҳашт мусобиқаи минтақаии футбол байни мунтахабҳои футболи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назар аст. Ин маълумот зимни Конгресси шашуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки 16 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, садо дод.
Дар ҷаласа намояндагони ассотсиатсия, федератсия ва иттиҳодияҳои футболи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон иштирок ва намояндагони Туркманистон ба таври онлайн ҳузур доштанд.
Дар ин бора бахши матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод:
“Соли 2021 барои ташкилот соли назаррас буд, зеро бо пушти сар гузоштани мушкилоти пандемия тавонистем мусобиқаҳо баргузор намуда, тавонмандии футболи Осиёи Марказиро барқарор созем”, — гуфтааст Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
Раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ қайд кардааст, ки таъсиси барномаи дастгирии молии AFC барои иттиҳодияҳои минтақаӣ ба густариши имконоти рушди футбол дар Осиёи Марказӣ мусоидат кардааст.
Инчунин, дар кори конгресс ноиб-президенти Конфедератсияи футболи Осиё Меҳдии Тоҷ низ ба намояндагӣ аз ин ташкилот иштирок намудааст. Котиби генералии ин ташкилот Улуғбек Каримов дар хусуси мусобиқаҳои баргузоршуда дар соли ҳисоботӣ гузориш дода, иброз намудааст, ки бо вуҷуди мушкилоти пандемия CAFA тавонист мусобиқаҳоро миёни наврасон, ҷавонон ва бонувон бомуваффақият баргузор намояд.
Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ дар соли 2022 баргузории ҳашт мусобиқа байни синну соли гуногун таҳти сарпарастии CAFA-ро эълон намудааст.
Ноиби президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Равшан Ёрматов пешниҳод кардааст, ки мусобиқаи Ҷоми Наврӯз миёни дастаҳои мунтахаби яккачини Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад. Дар назар аст, ин чорабинии варзишӣ ба тақвими мусобиқоти ФИФА ворид карда шавад.
Ҳамчунин, буҷаи молии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифта, тариқи овоздиҳии умумӣ қабул гардидааст.