Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ

Shared to Facebook

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ бо Амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд. Дар ин бора president.tj хабар додааст.

Президенти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки муносибатҳои ду кишвар бо дарназардошти манфиатҳои муштарак ва бар асоси дӯстӣ пайваста рушд меёбанд.

Натиҷаҳои сафарҳои расмӣ ва мулоқотҳои сатҳи олӣ дар соли гузашта ва тавофуқоти бадастомада таъкид гардид.

Ҷонибҳо зарурати таҳкими робитаҳои сиёсӣ дар арсаи байналмилалиро муҳим арзёбӣ намуданд.

Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, саноат, маъдан, кишоварзӣ, фарҳанг, илму маориф ва сайёҳӣ судманд дониста шуд.

Ҳамчунин, дар мавриди ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва вазъи минтақа пас аз зарбаҳои ҳарбӣ ба Қатар табодули афкор сурат гирифт.