11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар ин хусус хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг нахуст бинои Муассисаи таълимии хусусии “Гимназияи ба номи Ҷалол Икромӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти таълимӣ дар доираи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат аз рушди соҳибкорӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Абдулло Ҳасанов ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин гӯшаи зебоманзари диёр, бунёд гардидааст.
Бинои муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 456 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ дар Гимназияи мазкур моҳи феврали соли 2025 дар масоҳати умумии 4 ҳазору 860 метри мураббаъ оғоз гардида, моҳи августи соли равон анҷом ёфтааст.
Баробари ифтитоҳи Гимназияи мазкур 60 мутахассиси маҳалии соҳаи илму маорифи ноҳияи Ховалинг бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Муассисаи таълимии муосир дорои китобхонаи электронӣ, толори варзишии болопушида, майдончаи варзишӣ, синфхонаҳои махсуси фаннӣ, ошхона ва биноҳои ёрирасон буда, бо шабакаи мустақилли гармидиҳӣ таъмин мебошад.
Ҳамчунин Гимназия дорои се озмоишгоҳи фанҳои физика, кимиё ва биология мебошад.
Дар муассисаи таълимӣ барои омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 12 маҳфили фаннӣ ба роҳ монда шудааст.
Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти ин Гимназияи замонавӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳиби илммаърифати муосир намудани насли наврас амали неку шоиста номиданд.