Малика Қаландарова дар Ватан ҳунарнамоӣ кард

Shared to Facebook

6 сентябри соли 2025 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев консерти бошукӯҳ ба ифтихори 75-солагии раққосаи маъруф Малика Қаландарова баргузор гардид. Дар ин хусус «Азия плюс» хабар додааст.

Барномаи ҷашнӣ таҳти унвони «Аз Амрико ба Тоҷикистон – ҳасрати диёр ва дӯстдорон» сурат гирифт ва ба яке аз рӯйдодҳои муассири фарҳангии кишвар табдил ёфт.Толор пур аз мухлисон буд ва ҳунармандро бо кафкӯбиҳои гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Малика Қаландарова то анҷоми барнома ба саҳна баромада, бо либосҳои зебо ва рақсҳои пурҷӯш тамошобинонро мафтун сохт. Ба гуфтаи мухлисон, сарфи назар аз синну сол, ҳунару шукуҳи ӯ ҳанӯз ҳам ҷавон ва пурэнерҷӣ боқӣ мемонад. Барои табрик намудани Малика Қаландарова ситораҳои маъруфи эстрадаи тоҷик, аз ҷумла Сурайё Қосимова, Шабнами Сурайё, Афзалшо Шодиев, Мастона Эргашева ва дигарон ҳозир шуданд. Ҳамчунин, собиқ сарояндаи ансамбли «Гулшан» Тамара Катаева аз ИМА ба Душанбе омад ва бо ҳузури худ чорабиниро боз ҳам хотирмонтар гардонид.

Ёдовар мешавем, ки ин чорабинӣ бо ташаббуси ширкати «Ориёно медиа» ва дастгирии бевоситаи Сарвари Раёсати «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода баргузор гардид.