Ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ роҳбарият, афсарон ва сарбозони қисмҳои ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ иштирок намуда, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ ҷашни муқаддаси миллиро таҷлил карданд.
Фармондеҳи қӯшунҳои дохилӣ, генерал-майори хизмати дохилӣ Суҳроб Рауфзода ҳайати шахсиро ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ табрик гуфта, изҳор дошт, ки истиқлолият неъмати бебаҳо ва нишонаи озодиву ободии ҳар як миллати соҳибдавлат мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки халқи шарафманди тоҷик бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ дастовардҳои назаррас ба даст оварда, Тоҷикистони азизро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати рушдёбанда муаррифӣ намоянд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки истиқлолияти давлатӣ на танҳо падидаи таърихиву сарнавиштсоз аст, балки кафили озодӣ, амнияти ҷомеа, бедории миллию таҳкими ҳувият ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар маҳсуб меёбад.
Дар идомаи чорабинӣ, бо иштироки сарбозон ва афсарон паради низомӣ баргузор гардида, сипас мусобиқаҳои варзишӣ дар намудҳои волейбол, футбол, баскетбол, бандкашӣ ва гӯштин баргузор шуданд. Ҳамчунин, байни фарзандони афсарони қӯшунҳои дохилӣ низ мусобиқаи гӯштин доир гардид, ки фазои идонаро боз ҳам ҷаззобу пурмазмун гардонд.
Сарбозон ва иштирокчиёни чорабинӣ миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, таъкид карданд, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбари давлат имрӯз барои сарбозону хизматчиёни ҳарбӣ шароити мусоиду муҳити хуби хизматбарӣ фароҳам оварда шудааст.