Дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» ба аввалин пирӯзии худ ноил гашт.
Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқа, дар гурӯҳи «B», дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 бар дастаи миллии Афғонистон пирӯз шуд. Ин бозӣ беш аз 15 ҳазор тамошобинро ба варзишгоҳ ҷалб кард.
Дар дақиқаи 24-ум нимҳимоятгар Эҳсони Панҷшанбе ҳисобро кушод — ӯ зарбаи пеналтиро дақиқ иҷро кард. Дар дақиқаи охирини бозӣ, бозигари эҳтиётӣ Шервонӣ Мабатшоев бартарии дастаи моро мустаҳкам карда, ҳисоби ниҳоиро муайян кард — 2:0.
Дар бозии дигари гурӯҳи «B» дастаи миллии Эрон бо ҳисоби 3:0 дастаи Ҳиндустонро шикаст дод.
Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дастаи миллии Тоҷикистон бо дастаи Эрон рақобат хоҳад кард. Ин бозӣ рӯзи панҷшанбе, 4 сентябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад. Бозӣ соати 20:30 оғоз меёбад.
________________________________________
🏆 «CAFA Nations Cup 2025»
✅ Гурӯҳи «B». Даври 2
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН 🆚 🇦🇫 Афғонистон – 2:0
Голҳо:
Эҳсони Панҷшанбе, 24 (пеналтӣ) – 1:0
Шервонӣ Мабатшоев, 90+3 – 2:0
🇹🇯 Тоҷикистон:
Далер Азизов, Зоир Ҷӯрабоев, Алишер Кароматуллозода, Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов, Амирбек Ҷӯрабоев (Парвизҷон Умарбоев, 61), Эҳсони Панҷшанбе (Меҳрон Мадаминов, 90+5), Далер Имомназаров (Шервонӣ Мабатшоев, 88), Алишер Ҷалилов, Рустам Саидов (Сунталло Исмоилов, 88), Шаҳром Самиев (Шериддин Бобоев, 90+5).
🗓 1 сентябр | Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ | 15 265 тамошобин
________________________________________
🇮🇳 Ҳиндустон 🆚 🇮🇷 Эрон – 0:3
________________________________________
Ҷадвали гурӯҳи «B» пас аз 2 давр:
Ҷой Даста Бозӣ Ғалаба Мусовӣ Бохт Голҳо Хол
1 🇮🇷 Эрон 2 2 0 0 6-1 6
2 🇮🇳 Ҳиндустон 2 1 0 1 2-4 3
3 🇹🇯 Тоҷикистон 2 1 0 1 3-2 3
4 🇦🇫 Афғонистон 2 0 0 2 1-5 0
________________________________________
♦️ Даври 3-юм
📆 4 сентябр | Панҷшанбе
⌚️ 17:00 – 🇦🇫 Афғонистон 🆚 🇮🇳 Ҳиндустон
⌚️ 20:30 – 🇹🇯 Тоҷикистон 🆚 🇮🇷 Эрон
Манбаъ: https://fft.tj/