Cитоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави COVID-19 дар Тоҷикистон қарор қабул кардааст, ки убуру мурури сарҳад тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба реҷаи оддӣ гузаронида шавад. Ҳамчунин, реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ бекор карда шуда, тӯйи домодию арусӣ ва дигар ҷашну маросими миллӣ тибқи қонунгузории амалкунанда роҳандозӣ гардад.
Ин қарори Cитоди ҷумҳуриявӣ рӯзи 7 март тасвиб шуда, бино ба хабари АМИТ “Ховар”, аз 15 марти имсол мавриди иҷро қарор мегирад.
Бино ба ин хабар, аз 15 марти соли 2022 фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба реҷаи оддӣ гузаронида шуда, назорати бемориҳои сироятӣ танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома оид ба ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ нисбат ба сирояти коронавирус дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Гуфта мешавад, қарори мазкур бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ва бо мақсади таъмин намудани фаъолияти пурраи самтҳои хоҷагидорӣ дар мамлакат, ғанигардонии иқтисодиёти кишвар ва боз ҳам мустаҳкамтар намудани робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо давлатҳои ҳамсоя қабул карда шуд.
Тибқи қарор, гувоҳнома оид ба ваксинатсия бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои тандурустии ҷониби Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳрвандон баъди гузаштан аз ваксинатсия пешниҳод карда мешавад, расман эътироф мегардад.
“Ҳангоми ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати пешниҳоди маълумотнома бо натиҷаи “манфӣ”-и озмоиши вирусологии кишвари хориҷшуда нисбат ба COVID-19, ки ба муҳлати то 72 соат эътибор дорад, аз гузаштани озмоиши такрорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд”, — омадааст дар қарор.
Ҳамчунин, реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар байни аҳолӣ бекор карда мешавад.
Ба ғайр аз ин, дар асоси қарори мазкур, баргузор намудани тўйи домодию арусӣ ва дигар ҷашну маросими миллӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда мешавад.
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон, ки ба он Сарвазир Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад, аввалҳои моҳи июни соли 2020 дар муроҷиатномаи расмӣ ба аҳолии кишвар дархост кард, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд.
Ҳамчунин, он вақт аз сокинони ҷумҳурӣ хоста шуд, ки аз гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳо, ҷашну маросим ва маъракаҳои хурсандиву азодорӣ то ба эътидол омадани вазъияти эпидемиявӣ худдорӣ намоянд.