19 августи соли 2025 вохӯрии намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи СММ дар Женева Шараф Шерализода бо Ёвари Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) хонум Рувендрини Меникдивела баргузор гардид. Дар ин хусус хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи самтҳои муҳимми ҳамкориҳои Тоҷикистон бо UNHCR ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд.