Бар асари ҳодисаҳои нохуши вобаста ба боронҳои шадид дар вилояти Хайбар-Пахтунхва, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон давоми 48 соати охир дар маҷмуъ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд. Дар ин хусус рӯзи шанбе Раёсати миллии мубориза бо офатҳои табиии Покистон (NDMA) иттилоъ додааст, хабар медиҳад агентии «Синхуа».
Тақрибан 90,6 фоизи ҳолатҳои фавт бар асари обхезии шадид ва 6,4 дарсад бар асари фурӯрезии бомҳо сабт шудаанд, гуфта шудааст дар изҳороти ин раёсат.
Ба маълумоти созмонҳои наҷотдиҳанда, бориши шадид, обхезии ногаҳонӣ ва зарбаи раъду барқ ба 11 ноҳияи ин вилоят хисороти ҷиддӣ ворид намуданд, ки бар асари он бархе одамон бедарак шуда, харобиҳои густурда низ ба амал омадаанд.
Ҳамчунин гузориш дода шудааст, ки даҳҳо нафар дар зери харобаҳо мондаанд ва бисёре аз онҳоро обхезӣ бурдааст. Гурӯҳҳои наҷотбахш барои берун овардани зарардидагон ва ҷасадҳо аз зери харобаҳо кор мебаранд ва вазъ дар минтақа вахим боқӣ мемонад, хабар додааст ба агентии «Синхуа» намояндаи Хадамоти давлатии наҷот Билол Файзӣ.
Тибқи иттилоъ, аз оғози боронҳои мавсимӣ 26 июн дар Покистон бар асари бориши шадид 634 нафар ҳалок ва 768 нафар маҷруҳ шудаанд.
АКС: «Синхуа»