Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як иттилоия гуфт, чор нафар низомиёни Қирғизистон, ки дастгир шуда буданд, аз рӯи принсипи башардӯстона ва тибқи созиши баамаломадаи ду кишвар шоми 19-уми сентябри имсол, соати 19:00 бо вақти Душанбе, ба ватанашон баргардонида шуданд.
Инҳо;
1. Прапоршики дидбонгоҳи сарҳадии “Достук”-и ноҳияи Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон Самарбек уулу Адилет, соли таваллудаш 17.03.1995, сокини ноҳияи Жумгали;
2. Старшинаи дидбонгоҳи сарҳадии “Достук”-и ноҳияи Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон Туйчиев Ҷамолиддин Исмаилҷанович, соли таваллудаш 20.12.1984, сокини вилояти Ош, ноҳияи Аравон;
3. Ефрейтори қисми ҳарбии №30647 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон Асылбек уулу Рустамбек, соли таваллудаш, 28.02.2002, сокини ноҳияи Баткен, ҷамоати деҳоти Қизилбек;
4. Ефрейтори Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон Машраб уулу Нурбек, соли таваллудаш 17.06.2001, сокини ноҳияи Навкат, ҷамоати Қизилтаит.
Бино ба ин иттилоия, номбурдаҳо, ки зимни муноқишаҳои мусаллаҳона дар ҳудуди марзи давлатии Тоҷикистон дастгир карда шуда буданд, “аз рӯи принсипи башардӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамсоягии нек ба ҷониби Қирғизистон супорида шуданд”.
Зикр мегардад, ки низомиёни дастгиршудаи қирғиз тибқи талаботи меъёрҳои қонунгузории байналмилалӣ бо ёрии тиббӣ, хӯрду хӯрок ва шароити маишӣ таъмин карда шуданд.
Ёдрас мекунем, дар пайи ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон ба Тоҷикистон, ки субҳи барвақти 16-уми сентябр оғоз шуд, минтақаҳои аҳолинишин, манзилҳои сокинони осоишта, мактабу масҷид тавассути тамоми намудҳои силоҳ ва техникаи вазнини низомӣ, аз ҷумла, чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи “Байрақтар” мавриди гулулаборон қарор гирифта, дар натиҷа, бино ба иттилоъи расмӣ, 41 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шуданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҷониби Қирғизистон аз қабл барои ин ҳамла омода шуда ва неруҳои низомияшро ба минтақаҳои наздисарҳадӣ ҷамъ оварда буд.