Озмуни байналмиллалии «Дебют 2025» дар Тоҷикистон

Shared to Facebook

Иттилоъ аз imruz tj. ; ( Бо мақсади нуфуз ва рушду тарақии омӯзиши забони русӣ дар Россия ва дар кишварҳои хориҷаи наздик, 20 сол қабл, аз ҷониби давлати Россия, дар байни муаллимони ҷавони мактабҳои русии воқе дар хориҷи кишвар, Озмуни байналмилалии омӯзгори ҷавон-«Педогогический дебют» эълон карда шуда буд, ки ҳамасола дар шаҳру кишварҳои мухталиф ин озмун гузаронида мешавад ва имсол ҷашни юбилейи 20 солагиашро таҷлил намуд.)

Аз 25 то 26 моҳи апрели соли 2025 дар Муассисаи Таълимии Муштараки Россияву Тоҷикистонии ба номи Димитрий Иванович Менделеев воқеъ дар шаҳри Турсунзода озмуни байналмилалии муаллимони ҷавони мактабҳои русии берун аз ҳудуди Федератсияи Россия, таҳти унвони «Дебют-2025» шуда гузашт. Дар ин озмун муаллимони ҷавони то 35 солаи собиқаи кории на бештар аз 5 сола доштаи панҷ мактаби русии аз ҷониби Россия эъморёфта дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода дар ду номинатсияи «Беҳтарин муаллими ҷавон» ва » Беҳтарин роҳбари синфи ҷавон» ширкат намуданд.

Ҳадафи асосии гузаронидани ин озмун, рушду нумуи забони русӣ дар кишварҳои ҳавзаи забони русӣ мебошад.

Доварии ин озмуни малакаи ҳирфавии педагогиро муттахасисони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бар зимма доранд.

Ғолибони озмуни мазкур дар марҳилаи умумироссиягии «Дебюти педагогии 2026» ки соли оянда дар Федератсия Россия баргузор мегардад, ширкат хоҳанд намуд.