Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон садамаи чархболи Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар ноияи Ванҷро шарҳ дод.
Ин чархболи МИ-8 рӯзи 4-уми августи имсол барои расонидани кумак ба сайёҳони Русия равон шуда буд. Ба маълумоти мақомот, ин гардишгарон ҳангоми боло шудан ба пиряхи Федченко дучори мушкил шуда буданд ва чархбол бо 5 сарнишин ба ёрии онҳо эъзом шуда буд:
“Аммо наздик ба соати 12:10 дақиқа чархбол аз назари радар нопадид шуд, ҳар гуна иртибот бо он қатъ гардид ва ба ягон дархост посух намедод. Баъдан маълум шуд, ки чархбол дар қаламрави пиряхи Хирсон, ки дар дараи Абдулқаҳҳори ноҳияи Ванҷ ҷойгир аст, дучори садама шудааст”, — шарҳ дод КҲФ Тоҷикистон.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар натиҷаи ин садама як нафар ба ҳалокат расида, чор нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Рӯзи 6 август КҲФ Тоҷикистон хабар дод, ки бо кумаки чархболи МИ-8 нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 10 нафар – 6 нафар гардишгарони Русия, 2 нафар аз ҳайати экипажи чархболи суқуткарда ва 2 корманди ширкати сайёҳии “Помир-Пик” ба шаҳри Душанбе оварда шуданд.
“Ҳамаи ин 10 нафар ҳоло таҳти назорати табибон қарор доранд”, — иттилоъ дод манбаъ.
Гуфта мешуд, мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва неруҳои марзбонии Тоҷикистон барои интиқоли ҷасади халабони ҳалокшуда дар сарнагунии чархбол аз баландии 5000 метр аз сатҳи баҳр чораҳо меандешанд.