Мавлуди Ҳозиримом муборак!

Shared to Facebook

 

Имрӯз-13 декабр, рӯзи мавлуди Пешвои мазҳабии Исмоилиҳои ҷаҳон-Ҳозиримом, Шокарим-Оғохони1У мебошад!  Соҳибҷашнро ба муносибати ин санаи  пуршукуҳ,  табрик ва таҳният мегӯем !

Вақте ки ба Бадахшон, борҳо бо маъмурияти корӣ сафар мекардам, ҳамеша як таомули аҷиби мардумони Боми Ҷаҳон маро мутаҳайир месохт. Дар бештари манзилҳои истиқоматии равшандилони бадахшонӣ, портрети Ҳозиримом ва портрети Пешвои миллатро медидам, ки дар гӯшаи ифтихории хонаҳои помирӣ, паҳлуи ҳам овезонанд. Бе муболиға, тоҷикони ориёитабори ин гӯшаи аз бисёр лиҳоз, бикру пурғановати кишвари азизамон, ба ин ду абармарди торихӣ, муҳаббату меҳри самимии фавқулодда доранд. Зеро дар солҳои навадуми қарни гузашта, дар давраи мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандии кишвар, маҳз корнамоиву ҷонбозиву ҳиммату шароҷати ҳамин шахсони наҷиб буд, ки мардуми ранҷкашидаи моро аз вартаи нобудии ногузир ва аз хатари гушнагии марговар, наҷот дод ва нагузошт, ки забонаву алангаи фурӯзоншудаи ҷанги хонумонсӯз, кишвари моро пурра фаро бигирад!…

Дар он солҳо, ки кишвари мо гирифтори бӯҳрони  сиёсӣ- идеологӣ буд ва ҷомеъа пора- пора шуда, даргириҳои мусаллаҳона домангири миллати кӯчаки мо гардида буданд, гурӯҳои зиёди мухолифин ба кӯҳистони мушкилгузари Бадахшон панаҳ бурда буданд ва қарор буд, ки маҳз дар ҳамин гӯшаи Ватан, саҳнаҳои ҷангу хунрезиву қатли омми аз ҷониби  сиёсатҳои бегона тарҳрезишуда, ба вуқуъ бипайвандад…

 Аммо, фарзанди фарзонаи миллат –Эмомалӣ  Раҳмон, ки дар васати ин ҷанги фоҷиабори шаҳрвандӣ сари қудрат омада буд, сиёсати оқилонаеро меҳвари фаъолияти сиёсии худ қарор дод, ки тибқи он, бояд тарафҳои даргир бидуни қайду шарт, бо ҳам оштӣ мекарданд ва аз пайи таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободкориҳову Ватансозиҳо мешуданд… Мардум ин сиёсатро ба ҷон пазируфтанд. Зеро дарк намуданд, ки сарнавишти миллат аз ормонҳои идеологиву сиёсиву қавмиву ҳизбии ҳар гуруҳе авлотару муҳимтар аст!..

Ҳамчунин, дар ҳамин давраи ҳассоси бесарусомонӣ, бошандагони кӯҳистони касногузари кишвари мо, ки бо иллати даргириҳо, робитаашон бо марказ канда шуда буд, ба бумбасти коммуникатсиониву норасойии маводи ғизоӣ ва анвои заруроти ҳаётӣ, гирифтор шуда буданд. Онҳоро эҳтимоли фарорасии гушнагии марговар таҳдид мекард…

 Худованд дар ҳамин вазъияти бӯҳронӣ, барои миллати ҷабркашидаи мо, равзанаи дигари раҳматашро боз намуд! Пешвои исмоилияҳои ҷаҳон — Ҳозиримом, Шокарим-Оғохони 1У барои мардуми мо дасти ёрӣ дароз намуд, то ин гуруснагии эҳтимолии марговар ба кулбаҳои якояки тоҷикистониён, роҳ пайдо накунад! Ӯ дар самти расонидани кӯмакҳои аввалия, маводи ғизоӣ, доруву дармон ва соири маводи мавриди ниёзи ҳаётии мардум, корномаҳои башардӯстонаи зиёдеро анҷом дод ва дарди мардумро даво бахшид!

Дар он солҳо, баъзе таҳлилгарони сиёсӣ ҳатс мезаданд, ки Ҳозиримом, ки тавону қудрати молии чашмгире дорад, дар Бадахшон ҷабҳаи муқовимати низомӣ боз мекунад ва бо истифода аз обрӯву эътиборе, ки дар байни сиёсатмадорони кишварҳои абарқудрат дорад, манфиятҳои мазҳабиашро дифоъ намуда, дар қаламрави марзҳои панҷ кишвари ҳамсоя — Тоҷикистону Афғонистону Чину Ҳинду Покистон, ки сокинони таҳҷоияшон пайравони мазҳаби Исмоилия ҳастанд, эъмору бунёди кишвари ҷудогонаеро дунболагир мешавад… Аммо ин ҳатсзаниҳо хато аз об даромаданд!. Бунёди Оғохон солҳост, ки  дар бисёр давлатҳои олам фаъолият дорад ва сирф бо масъалаҳои маърифативу иқтисодиву баланд бардоштани сатҳи зиндагонии сокинони камбизоати кишварҳо сару кор дорад, на ба интишори ғояҳои мазҳабии сиёсиву идеологиву дигар намуд кишваркушоиҳои классикӣ ё муосир…

Бояд тазаккур дод, ки мазҳаби Имсоилия -ин сиёсат, ё миллат нест, ки ба доштани давлати худии ҷудогонае ниёз дошта бошад. Исмоилия маърифат аст, маърифте, ки аз манфиятҳои  сиёсиву милливу мазҳабӣ арзишҳои волотаре дорад. Маърифат аслан марз надорад ва ба доштани марзу билоди ҷудогона ҳам ниёзманд нест! Бештар аз 30 миллион намояндагони мазҳаби Исмоилия имрӯз, дар 25 кишварҳои мухталифи олам, умр ба сар мебаранд. Онҳо бо сиёсатҳои давлатҳои сукунатдоштаашон ҳамзистиву ҳамкории осоиштаву созандае доранд. Худи Ҳозиримом ба пайравонаш ҳидоят мекунад, ки бо давлатҳои зирабт равобити неку ҳасана дошта бошанд ва қонунҳои кишварҳои маскунбудаашонро риоят ва эҳтиром кунанд! Ӯ мегӯяд; “Вақте ки ман мефаҳмам, ки муридони ман дар ҳар кишваре, ки набошад, дар вазифаҳои масъулиятнок фаъолият доранд ва барои ободии он кишвар, ҳиммат ба харҷ медиҳанд, аз шунидани ин хабар, ифтихор мекунам!”…

Ман аминам, ки таҳримҳое, ки аз ҷониби Россия ҳамин авохир, дар мавриди бунёди Оғохон роҳандозӣ шудааст, иштибоҳист. Аниқтараш, коршиносони рус титтилои носаҳеҳро сари мизи масъулин гузоштаанд… Воқеан, аз Иттиҳодияи Аврупо ва аз Ландан хатари азими рахнаи дахолати идеологӣ, Россияро таҳдид мекунад, аммо на аз тариқи мазҳаби Исмоилия. Ин мазҳаб мутлақо, ба “Пантуркизм” ва ба “Пантуронизм” ҳеҷ робитаи диниву мазҳабиву мантиқие надорад ва бо ҳамин далел, барои нуфузи геопалитикӣ дар Россия ангезаву дағдағае  ҳам, набояд дошта бошад…

 Соли 2013, яке аз дӯстони журналисти  бадахшии моро ба Маркази Исмоилияҳои ҷаҳон, ки он замон  дар шаҳри Ахламони Фаронса фаъолият мекард, ба Конфиренсия даъват намуда буданд. Ҳангоми гусел, мо чанде аз дӯстон бо кунҷковии вижа, аз дӯстамон талаб кардем, ки дар мавриди воқеияти  ҳамон ҳатсу овозаҳое, ки болотар тазаккур додем,  аз Ҳозиримом пурсон шавад ва ҷавоби ӯро ба мо ҳам бирасонад…

Дӯстам мегӯяд; “Ҳангоми мулоқоти рӯ ба рӯ бо Ҳозиримом дар Ахламон, аз Ҳазрат чунин савол кардам; “-Ман, ки худро як мусалмони исмоилимазҳаб медонам, бо шарофати як дӯсти ҳамкурсам, ки дар мазҳаби Ҳанафӣ аст, дар чавкоти Ҳаҷи Акбар, Хонаи Худоро зиёрат кардам ва ҳамакнун ҳамроҳи дӯстонам намози панҷвақта мехонам. Ин кори ман, аз назари Шумо, дуруст аст, ё не??” Ҳозиримом гуфтанд; “-Албатта дуруст аст! Қарзи ҳар мусалмон дар он аст, ки бо дигар бародарони мусалмон, ҳаёту ибодоти мушарак дошта бошад! Ҳамаи инсонҳо бандаи Худои ягона ҳастанд ва мо- мӯъминон, ба ҳамон Худованд, ба як Қуръони Шариф ва ба Расули Акрам имони муштарак дорем!” Фаротар аз он, бояд ҳамаи дину мазҳабҳои олам ва умуман тамоми инсонҳои рӯи замин бо ҳам эҳтиром ва ҳамзистии одамвор дошта бошанд. Алъон асри бисту як аст, на давраи задухӯрдҳои асримиёнагӣ!… Дар идома, дар ҳамон дидор, дар ҳузури намояндагони  25 кишвари дунё, ман ҳамчунин бебокона, аз Ҳозиримом пурсидам; “-Оё Шумо дар кадом як гӯшае аз дунё, ташкили як давлати ҷудогонаеро, ки дар он пайравони мазҳаби Исмоилия давриҳам зиндагонӣ карда тавонанд, дар нақша доред?!”…

 Ҳозиримом дар ҷавоб хандиданд ва гуфтанд; “-Мо ин гуна ҳадафро ҳеҷ гоҳ надоштем ва нахоҳем дошт!” ва ба таҷрибаи ҳаётии яҳудиёни Исроил ишора намуда, суханашонро давом доданд; “-То соли 1947 яҳудиёни олам давлати ҷудогонае надоштанд, аммо онҳо дар кишварҳои мухталифи дунё зиндагонии осоиштаеро таҷриба мекарданд.  Ҳоло бошад, дар Ирусалим ва дигар шаҳрҳои Исроил, рӯзона чандин бор, бо садо додани “бонги хатар”, мардум барои наҷоти ҷонашон, ба таҳхонаҳои зеризаминӣ фирор мекунанд ва тамоми рӯзро дар он ҷо бо тарсу ҳарос, сипарӣ месозанд. Магар ҳаётеро, ки барои одам фақат як маротиба муяссар мегардад, месазад, ки дар чунин фазои тарсу ҳарос аз марг, бигузаронӣ!?…” (ин муколама дар соли 2013 анҷом пазируфта буд ва имрӯз дар соли 2024 ҳам ин суханон муҳиму ибратомӯз ва барӯз ҳастанд …  А.С.)

Ин гуфтаҳои Ҳозиримом самимиву вокеӣ ҳастанд ва торих дар  гузашта низ,  ин воқетиятро собит намудааст. Масъалан, дар ду қарни гузашта, замоне, ки Оғохони 1 ва Оғохони 11 бо пуштибониву ҳамкории Британияи Кабир дар Ҳиндустони британиявӣ мезистанд ва мусалмонони ин кишвар, ки ағлаб исмоилиямазҳаб буданд, барои  доштани  Давлати ҷудогона мубориза мебурданд, пешвоёни ин мазҳаб имконоти воқеӣ доштанд, ки бо  истифода аз  эътибору мақомашон дар назди сиёсатмадорони абарқудрати британиявӣ, давлатҳои минбаъдаи исломии Покистону Бангладеж ва ғайраро бо обуранги мазҳаби худашон эъмор намоянд, аммо иҷрои  ин корро салоҳ надонистанд…. Ҳол он ки, агар мо имрӯз дар ҳамон ҳавзаи фарҳанги исломии ҷаҳон, ба ҷои мактабҳои иртиҷоёии ваҳҳобӣ ва пойгоҳҳои толибонии экстримистиву террористӣ, фарҳангу маърифати инсондӯстонаи исмоилияро медоштем, авзои имрӯзаи олам, рангу бӯ ва маънои дигареро дошт!…

Соли 2022 дар Бадахшон иттифоқоте рақам хӯрд, ки муносибати халқу давлати моро бо бунёди Оғохон то дараҷае камраг сохт. Бо вуҷуди он, ки мавқеи Ҳозиримом дар масоили сиёсат ва идеология ба ҳамагон мисли рӯзи равшан маълум аст,  чанд нафар нохалафе, ки дар ин  бунёди молиявӣ фаъолият доштанд бо истифода аз имконоти молии бунёд, хостанд ормонҳои сиёсӣ ва гурӯҳии хешро амалӣ созанд, ки ба даст афтоданд ва муҷаззо шуданд. Пешвоёни мазҳам, ба монанди соири равшанфикрони Бадахшон, албатта, амали ишонро маҳкум намуданд!.. Аз нигоҳи бештари шаҳрвандони Ватандӯсти помирӣ, бояд масъулини бунёд дар интихоби кормандон, зиракии сиёсиро аз даст надода, шахсони босаводу бомаърифату Ватанпарвар ва собиқаи норавшан надоштаро истиқдом мекарданд, ки ин иттифоқи нанговар рақам намехӯрд!.Зеро, ҳамагон миннатдор аз онанд, ки тамоми заминаҳои ба дидори Ҳозиримом расидани исмоилимазҳабони кишварамон ро,маҳз Давлати имрӯзаи Тоҷикистон бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат,Президенти кишвар -Эмомалӣ Раҳмон, муҳайё намуда буданд..

Бо вуҷуди он, ки дар ду даҳаи гузашта, сарони кишварҳои маълуми манфиятдор, борҳо ба Президенти мо таъкид карда буданд, ки барои фаъолияти озоди мазҳабии Исмоилияҳо дар Тоҷикистон, иҷозат надиҳанд, то фитнае дар ин замина барнахезад!.. Аммо Пешвои миллат бо қатъият эълон намуданд, ки; “-Ман ҳеҷ гоҳ, озодиҳои мазҳабии ҳамватанони  азизи худро маҳдуд намесозам. Зеро,  дар кишвари мо, ҳамаи шаҳрвандон, барои озодии диниву фарҳангиву мазҳабӣ, ҳаққи баробари конститутсионӣ доранд!..”

 Аз соли 2009, бо шарофати дастгирии Пешвои миллат, дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ва дар шаҳри Хоруғ, Маркази Исмоилияҳо фаъолият мекунад… Бунёди Оғохон дар чорчӯбаи даҳҳо лоиҳаи созандагиву ободкорӣ, дар кишвари азизи мо, фаъолияти самарабахше дорад!

Бародарони ҳаммиллати исмоилимазҳаби мо, мисли исмоилияҳои кишварҳои дигари олам, аз сиёсату идеологияи расмии давлати худ пуштибонӣ мекунанд, барои ободиву шукуфоӣ ва рушди бемайлони кишвар, дар канори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон- Эмомалӣ Раҳмон устувору пойдор истодаанд… Бештарини онҳо бо истилои маъруфи Ҷаноби Олӣ  — “Аввал ба ифтихори миллӣ ва баъдан ба  ифтихори динӣ- мазҳабии худ, арзиш қоил ҳастанд!…”

Бешубҳа, тамоми мардуми Тоҷикистон, қаҳрамони миллии худ- Эмомалӣ Раҳмонро аз самими дил дӯст медоранд, ин ҷои баҳс нест! Аммо мардуми Бадахшон ба Ҷаноби Олӣ муҳаббати самимитар ва фавқулоддатаре доранд,  ки онро ҳангоми сафарҳои Пешвои миллат ба минтақаҳои кишвар, ҳатто бо чашми  оддӣ, метавон мушоҳида намуд…

Боре дар деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон, дар хонаи шахси равшанзамире меҳмон шудем. Ман ба портретҳои Пешвои миллат ва Ҳозиримом, ки дар пештоқи хонаи маъруфи бадахшонӣ, овезон буданд, ишора карда, бо оҳанги ҳазломез, аз соҳибхона пурсидам;

 “-Шумо кадоме аз ин бузургонро бештар дӯст медоред!”

 Он мард бо зарофати ҳозирҷавобӣ, бо саволе ба пурсиши ман ҷавоб гуфт;

 “-Шумо кадом чашматонро бештар дӯст медоред?”. Ман гуфтам;  “-Яъне чӣ?!”

 Гуфт; “- Агар иттифоқе рақам хурад ва бихоҳанд, ки  аз шумо як чашматонро баркананд, шумо кадом чашматонро маҳфуз медоред ва ба кандани кадом чашматон иҷозат медиҳед, чашми рост ё чашми чап??”

Ман гуфтам; “ Ҳардуро наҷот медиҳам, ба кандани ягон чашмам иҷозат намедиҳам…”

 Пас хирадманди Шидзӣ ба ман гуфт;

 “-Инро бидонед, ки Барои бадахшониҳо Ҳозиримом ва Пешвои миллат, мисли ду дида, ҳарду баробар азизу мӯътабаранд! Ҳар касе, ки байни ин ду шахсияти бузург, фосила эҷод мекунад ва ё ҳардуи онро муқобили ҳам мегузорад, метавон гуфт, ки мутлақо барои миллати тоҷик, хиёнат кардааст!…”                                 

Абдураззоқ Саид  таҳлилгари сиёсӣ