Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани бо ду ҳолати гумонбарӣ ба қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон хабар дод.
Аз ҷумла, кормандони милитсия муайян кардаанд, ки марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён аввалҳои моҳи июни имсол ба бовари зани 34-сола ва шавҳараш марди 36-солаи сокинони ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи мазкур даромада, аз онҳо 100 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Дар идома, бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба онҳо 0,06-га қитъаи замин аз заминҳои хоҷагии деҳқонии “Валиҷон”-и ноҳия, воқеъ дар деҳаи номбурда ҷудо карда додааст.
Мақомот мегӯянд, гумонбаршуда қаблан бо моддаҳои 247 ва 338 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шуда буд.
Ҳоло нисбат ба номбурда бо моддаҳои 247 қисми 4 ва 338 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин, зимни як амалиёти кормандони милитсия мардони 45 ва 35-солаи сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шудаанд:
“Номбурдагон аввалҳои соли 2021, ҳангоми дар назди мағозаи Гулистон, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт қарор доштанашон бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Порше”-ро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додаанд, ки маблағашро баъд аз 2-моҳ бармегардонанд, аммо номбурдагон автомашинаро фурӯхта, 3 ҳазор сомонияшро баргардонида, боқимонда маблағашро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд”, — хабар дод маркази матбуоти ВКД.
Мақомот мегӯянд, аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.