Решапайванди тамаддуни хуршедӣ

Shared to Facebook

Решаҳои қадимаи хешутабории тоҷикон ва ҷопониҳоро бояд тақвият бахшид…

Ҷопон. Кишвари саргаҳи Офтоб. Ҳушмандтарин давлати дунёи имрӯза. Пешрафтатарин кишвари сайёраи Замин аз лиҳози техникаву технологияи ҳирфавиву илмии низомиву дарёнавардӣ, электронӣ, саноатӣ, тиббӣ, фанниву иқтисодӣ, сиёсату тиҷорат ва ғайраву ғайраву ғайра…

Ҳикмати ҷопонии қатораи холӣ

Аз ҳама муҳимтар, ин давлат, кишвари пешрафтатарин дар самти маърифати Ватандӯстиву худшиносиву маданияти миллатсолорӣ мебошад. Дар ин кишвар инсони оддӣ ба таври воқеъӣ қадрдонӣ карда мешавад, ки ин падидаро дар ҳеҷ кишвари дигари олам наметавон мушоҳида намуд. Ба таври мисол, метавон аз интишороти расонаҳои маҷозӣ зикри амалеро далел овард, ки “Ширкати роҳи оҳани Ҷопон хатсайри метро ё қатораи барқиро ба яке аз рустоҳои дурдасттарини матрукае, ки дар он ҷо фақат як хонавода зиндагонӣ мекард, бо вуҷуди он ки барои ширкат ба ҷои фоида, зарари иқтисодӣ меовард, солҳои дароз фаъол нигаҳ медошт ва қатъ намекард. Яъне, поезд ҳар рӯз ба он деҳа холӣ мерафту бармегашт ва фақат як нафар мусофир дошт. Он мусофир духтараки хурдсоли ягона хонаводаи маскун дар деҳаи матрука буд, ки ҳар рӯз бояд барои таҳсил ба шаҳр меомаду баъди мактаб ба деҳаи худ, ба назди падару модараш бармегашт. Муттахассисони ширкати роҳи оҳан борҳо масъалаи барҳам додани чанд истгоҳи қисмати бемуштарии он хатсайрро, яъне якчанд нуқтаи бенуфузи охири масирро муҳокима намуданд, вале то ба охир расидани мӯҳлати даҳсолаи мактабхонии як нафар духтараки рустоӣ ҷуръат накарданд, ки фаъолияти пурраи хатсайри роҳи оҳанро қатъ намоянд…”.

Ё ин ки ба ҳамин қазия монанд, ман ҳам аз забони яке аз дӯстони худам чунин қиссаи омӯзандаеро шунида будам. “Боре яке аз ҳамватанони мо, ки ба Токио барои иҷрои маъмурияти дипломатӣ рафта буд, қарор буд, ҷиҳати иқомати муваққатӣ манзили истиқоматиеро иҷора кунад. Бо ин мақсад бо соҳибхонае ҳамсӯҳбат шуда, дар мавриди иҷораи вилаи вай ба ифоқа расиданд. Аммо, рӯзи дигар соҳибхона бо номбурда тамос гирифта, гуфта буд, ки наметавонад хонаи худро ба ӯ иҷора бидиҳад, зеро баъди ҳамоҳангии ҳарду тараф боз як муштарии дохилӣ низ барои дарёфти иҷора ба ӯ муроҷиат кардааст. Соҳибхона гуфт: “Бо вуҷуди он ки муштарии дохилӣ барои иҷораи хона аз шумо дида, ду маротиба камтар пул медиҳад, ман тибқи таомули ҷопониён, аввал бояд талаботи шаҳрванди кишвари худамро қонеъ кунам”.

Офарин! Офарин, ба он миллате, ки чунин маърифати Ватандӯстӣ, отифӣ ва патриотӣ дорад!

… ва аммо “Барқи тоҷик”

…Кош кормандони масъули ширкати “Барқи тоҷик”-и мо ҳам аз ин гуна маърифату эҳсоси отифӣ ва ҷавҳари худшиносиву Ватанпарварӣ дар худ медоштанд ва дар ҳоле ки ҳамин солҳо аз се ду ҳиссаи мардуми мо моҳҳо азоби торикиву зулмату сардиро таҷриба карда истодаанд, ақаллан дар зимистони қаҳратун барои ҷилавгирии қурбониҳои сармозадагӣ, ки ҳар мавсим аз ҳисоби пиронсолону маризону тифлони навзод шоҳидашон ҳастем, содироти барқро, ки аз масрафи дохилӣ дида, барояшон даромади андак зиёдтареро медиҳад, даст нигаҳ медоштанд!

Ман дар мавриди масъулини ҳаммиллати худам дар ин ширкат гуфта истодаам, на дар бораи роҳбарияти аввали кунунии ин ширкати Ватанӣ. Роҳбарияти воломақоми ин ширкат, бешаку шубҳа, патриёту Ватанпарасти асил ҳастанд, аммо барои мардуми кишвари худашон, на барои сокинони кишвари мо! Гуфтаи яке аз шоирони тоҷик дар мазаммати ин ширкат, солҳо қабл, бедалел набуд:

Худоё, бенаво кун “Барқи тоҷик”-ро,

Ба зулмат нашканад то фарқи тоҷикро!

Ҳамин олиҷаноб гар нохудо бошад,

Таҳаммул кард бояд ғарқи тоҷикро!

Решапайванди тамаддуни хуршедӣ

Мо одатан, танҳо замоне дар бораи давлату халқу миллатамон метавонем фикр кунем, ки Пешвои муаззами миллат шахсан дастур бидиҳанд ва моро ба иҷрои коре маҷбур намоянд… Масалан, то дар Паёми Президенти кишвар ҳидояте дар мавриди эҳтироми Зан — Модар ва ё аёдати ҳатмии хешу таборонамон таъкид нашавад, Худо медонад, ки ақлу фаросати фардии худамон ба фаҳми ин нукот мерасад, ё не!

Дар мавриди қадршиносии тамаддуни қадимаи ориёиамон бе амри бузургон бошад, монанди арҷгузорӣ ба нахустин Қонуни таърихи инсоният, дар самти ҳуқуқи башар — Маншури Куруши Кабир, ҷои баҳсу шубҳае низ наметавонад вуҷуд дошта бошад…

Бигзарем аз ин ва аз асли матлаб дур наравем. Дар Ҷопон яке аз қадимтарин адёни тамаддуни инсонӣ — дини офтобпарастӣ то ба имрӯз зиндаву побарҷост. Таҷассуми Хуршед дар парчами давлатии ин кишвар бо ҳамин далел аст. Ҷопонро “Хонаи офтоб” низ меноманд, ки воқеияти мазҳабӣ ва асоси илмӣ ҳам дорад. Тулӯъи офтоб ҳар саҳар аз Шарқи олам, яъне аз ҳамин сарзамин шурӯъ мешавад ва ҳар рӯзи нави торихи инсоният маҳз аз ҳамин замини муқаддас оғоз мегардад…

Дар торихи тамаддуни миллати ориёитабори мо низ офтоб аз волотарин муқаддасоти раҳмонӣ маҳсуб меёфт ва гузаштагони мо дини офтобмеҳварии худошиносӣ — Меҳрпарастӣ (Митропарастӣ)-ро доштанд. Тамоми ҷашнҳои қадимаи мо, аз қабили Наврӯзу Меҳргону Тиргону Сада ва ғайра маҳз бо Офтоб рабту нисбати илмиву табииву мазҳабӣ доранд. “Шаби ялдо”-и мо рӯзи таваллуди Хуршеди ҳаётофарин аст. Мувофиқи имону боварҳои ниёгони мо, баъд аз муборизаи тӯлонии ялдоӣ бо зулмати беумқу беканор, ҳар шаби Ялдо, Меҳри мунир билохира пирӯз мегардад ва саҳаргоҳони он рӯз Хуршеди оламафрӯз муҷаддадан муттаваллид мешавад…

Дар рӯзгорони Митропарастӣ мо ҳам дини офтобро доштем ва каъбаи мазҳабии мо низ “Хонаи хуршед” буд, ки имрӯз он мартабаву макони ҷуғрофиро шаҳри Токио ва дар маҷмуъ, кишвари Ҷопон дорад… Яъне, замоне Ҷопон Каъбаи мазҳабии мо — ориёиҳо буд!

Сарчашмаҳои илмиву торихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки миллати тоҷик дар радифи тамоми ориётаборони олам бо миллати қадимаи Ҷопон решаҳои муштараки хешутаборӣ доранд. Албатта, инро имрӯз на ҳамаи тоҷикон медонанд. Ман ҳам қаблан аз ин нукта хабар надоштам. Дақиқан чил сол муқаддам дар шаҳри Маскав аз забони яке аз олимони маъруфи шарқшиноси олам, ҷопоншиноси шӯравӣ, шореҳи сиёсати байналмилалӣ, муҷрии барномаҳои маъруфи телевизиони шӯравӣ “Вокруг света” ва “Международная панорама” Владимир Яковлевич Цветов дар ин бора шунида будам.

Эътирофи ҷопониҳо…

Соли 1985 банда ба ҳайси журналисти ҷавон дар Садо ва симои марказии Тоҷикистони шӯравӣ фаъолият доштам. Мутобиқи талаботи касбӣ, ман ва се нафар ҳамкорони дигарамро барои такмили ихтисос дар курси чандмоҳа ба шаҳри Маскав, ба Кумитаи радио ва телевизиони марказии Иттиҳоди Шӯравӣ фиристоданд. Дар он курс аз тамоми радиотелевизионҳои соири ҷамоҳири шӯравӣ, дар маҷмуъ, 75 нафар журналистон сарҷамъ омада будем. Дар он ҷо маҳорати ҳирфавии эҷодӣ ва малакаи техникиамонро сайқал медодем. Ҳафтае як маротиба чеҳраҳои саршиноси фарҳангиву илмиву сиёсии мамлакат дар мавзуҳои гуногун барои мо лексия мехонданд..

Дар ҳамин замина, рӯзе ба сӯҳбати журналисти сатҳи байналмилалӣ, ҷопоншиноси маъруф — Владимир Яковлевич Цветов мушарраф шудем, ки қаблан дар тӯли 12 сол (1976-1983) дар Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишвари Ҷопон ҳамчун намояндаи вижаи радиотелевизиони шӯравӣ ва роҳбари гурӯҳҳои дипломативу журналистӣ фаъолияти пурсамаре карда будааст.

Вай аввал барои шаҳрвандони Ҷопон аз тарзи ҳаёти мардумони Иттиҳоди Шӯравӣ иттилоот пешниҳод мекард ва баъдан баръакс, ториху фарҳангу тамаддуни пешрафтаи Ҷопонро барои шӯравиён таблиғу тарвиҷ менамуд. Вай дар натиҷаи омӯзишу ошноӣ ба фарҳанги ҷаҳоншумули мардумони фавқулодда маърифатноки ин кишвар, бемуболиға ошиқи илму фарҳангу маданияти миллати пешрафтаи Ҷопон шуда буд… Муҳаббати вижаи ин олими машҳури шӯравӣ ба тамаддуну фарҳанги ҷопонӣ сабаб шуд, ки ҳатто шарбати маргро низ дар синни 60-солагияш 5 октябри соли 1993 дар шаҳри Токио бичашад…

Шарқшиноси маъруф он рӯз дар суханронияш дар бораи дастовардҳои беназири чилсолаи баъдиҷангии кишвари пешрафтаи Ҷопон (баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ) дар тамоми самтҳои ҳаётӣ бо муҳаббату ихлоси аҷоиб нақл мекард ва тамоми мо мафтуни суханони ӯ гашта будем.

Дар миёнаи сӯҳбаташ Цветов ба ҳозирини толор рӯ оварда, чунин савол дод: “Дар аудиторияи имрӯзаи мо намояндагони Тоҷикистон ҳам ташриф доранд? Агар ташриф дошта бошанд, хоҳиш мекунам, лутфан аз ҷояшон бархезанд!”

Мо, чор нафар намояндагони Тоҷикистон, аз ҷо баланд шудем. Мавсуф ба мо рӯ оварда, чунин савол кард: “Шумо медонед, ки ҷопониҳо бо тоҷикон решаҳои хешутаборӣ доранд?” Мо ҳама китф дарҳам кашидем ва иқрор шудем, ки дар ин маврид иттилое надорем.

Шореҳи сиёсии телевизиони Тошканд Лола Ҳотамова даст бардошта, ба таври худ мехост “иштибоҳ”-и олими машҳурро ислоҳ намояд ва чунин изҳор кард: “Агар ҷопониҳо дар кишвари мо решаҳои хешутаборӣ дошта бошанд, эҳтимолан ин решаҳо ӯзбекону қирғизу қазоқҳоянд, ки мисли ҷопониҳо чашмони тангу зебое доранд…”

Владимир Яковлевич Цветов илова намуд: “Нуктаи асосии баҳс ҳам ҳамин аст, ки торихдонони ҷопонӣ бар он ақидаанд, ки асолати торихии ҳуввияти ҷопониҳо аз нажоди ориёӣ сарчашма мегирад. Ин миллати қадима бар асари зиндагонии беш аз даҳ – понздаҳ ҳазорсола дар ҳамсоягии чиноиҳову ветнамиву кореягиҳо ва дигар зардпӯстону монголоидҳо тағйири шакли зоҳирӣ кардааст. Аммо, дар асл, қавмҳои асиле, ки миллати ҷопониро ба миён овардаанд, ориёинажод будаанд, на муғулнажод!”.

… ва ҳам афсонаҳову бозёфтҳои археологӣ

Цветов боз ба чор нафари мо рӯ оварда, муҷаддадан савол кард: “Дар сарчашмаҳои адабӣ ва осори фолклории тоҷикон ривоят ё афсонае бояд мавҷуд бошад, ки қаҳрамони он қисса барои ҷустани Хонаи хуршед фиристода мешавад. Шумо онро шунидаед?”

Гуфтам: “Оре, дар осори шифойии мардумии мо чунин афсонае ҳаст, ки бузургон маъмулан ҳангоми хобонидани кӯдакон онро нақл мекунанд”.

Ва он афсонаро барои ҳозирин қисса кардам:

“Дар замони қадим подшоҳе буд ва духтари зебои қадрасе дошт. Дар миёни шаҳзодабону ва ғуломи сиёҳпӯсти даргоҳи падараш ишқ пайдо шуд. Подшоҳ намехост духтарашро ба ғуломи худ ба занӣ бидиҳад ва дар пайи илоҷи воқеаи пешомада буд. Мушовирин ба подшоҳ маслиҳат доданд, ки мисли анъанаҳои гузаштагонаш ба ғулом маъмурияти расмӣ бидиҳад, ки вай рафта “Хонаи офтоб”-ро пайдо карда, бо худ нишонае аз Хонаи офтоб биёрад, то ба издивоҷ ба шоҳдухтар мушарраф шавад.

Подшоҳ амр содир кард, ки ғулом то он макони муқаддасро пайдо накунад, наметавонад ба кишвараш баргардад! Подшоҳ мутмаин буд, ки ғулом ҳеҷ гоҳ аз ин сафар нахоҳад баргашт, зеро то он дам ҳама касоне, ки барои ҷустани “Хонаи офтоб” рафтанд, беному нишон ғайб зада буданд.

Ғулом бо неруи рӯзафзуни ишқи покаш ҳар саҳар самти тулӯи офтобро ҳадаф қарор дода, ҳафтаҳову моҳҳову солҳо ба сафари пурмашаққат идома медод. Вай аз шаҳру деҳоту кишварҳои зиёде убур кард ва рӯзе ба сарзамине расид, ки дар паси он ҳавзи (уқёнуси) азиме буд ва дигар замину хушкӣ мавҷуд набуд, ки имкони роҳро идома додан бошад. Ғулом, ки дигар роҳи рафтан надошт, дар он сарзамин муддате таваққуф намуд ва ҳар саҳар назора мекард, ки Офтоби муқаддас чӣ гуна аз дохили он “Ҳавзи беканор” (уқёнус) баланд шуда, оламро нуру зиё мебахшад…

Ғулом ба хулосае омад, ки “Хонаи офтоб” дар дохили ҳамин ҳавзи обҳои муқаддас қарор доштааст. Як саҳар ҳангоми тулӯъи навбатии офтоб ғулом дар дохили об тану бадан мешуст. Ӯ ногаҳон ба як ҳолати ғайритабиие гирифтор шуд ва мушоҳида кард, ки неруи илоҳие аз даруни замир вуҷудашро шоду неруманду равшан менамояд. Ниҳоят, пӯсти сиёҳи баданаш низ сафеду нуронӣ шуда буд.

“Оре! Оре! Ҳамин аст, хонаи Офтоби муқаддас!”- гӯён бонги шодӣ бизад ва дар талаби васлу дидори дилдодаи худ бо масири дурударози омадааш баргашт ва рӯзону шабон аз хизмат ба мардумони маҳал ва аз табиат ғизову гиёҳу меваю анвои дигари ризқу рӯзӣ пайдо мекард, ба руҳу равонаш тақвият мебахшид ва роҳи сафарро идома медод.

Баъди солҳо, чун ба даромадгоҳи шаҳри худаш расид, ходимону нукарони давлатӣ, ки то ҳамон дам, дар ҷустуҷӯи домоди арзандае барои шоҳи мамлакат буданд, он ҷавони сафеду нуронии зеборо дида, мафтуни ҳусну ҷамолаш шуданд ва онро фавран ба даргоҳи подшоҳ оварданд ва ба шоҳ муаррифӣ намуданд..

Ғулом ҳам бо ҳаяҷони зиёд ба подшоҳ мужда расонид, ки вай ҳамон ғуломи сиёҳпӯсти фиристодаи шоҳ аст, ки “Хонаи офтоб”-и муқаддасро пайдо намудааст ва таҷаллии пӯсти нуронии ғулом, далели раъднопазири ин гуфтаҳо мебошад.

Билохира, ғулом бо духтари шоҳ издивоҷ мекунад…”

Вақте қиссаро ба охир расонидам, ҷопоншинос Владимир Цветов илова кард, ки монанди ҳамин ривоят дар осори қадимаи ҷопониҳо ҳам қиссаву ривоятҳо мавҷуданд, ки аз торихи реҳлати қавмҳои ориёӣ аз кишвари ориёиҳо — Осиёи Миёна (дар Авесто -Ариана вейҷ) ба ҳаҷҷи мазҳабияшон, яъне ба “Хонаи хуршед”, ҳикоят мекунад”.

Мавсуф фикрашро идома бахшида гуфт: “Намояндагони ҳар дину мазҳабе дар олам барои худ макони муқаддасеро доранд, ки дар вақтҳои муайян дастҷамъӣ рафта, он муқаддасотро дидор ва зиёрат, яъне “Ҳаҷ” мекунанд. Ҳаҷҷи мусалмонон дар Маккаву Мадина, ҳаҷҷи будпарастон дар куҳҳои Тиббет, ҳаҷҷи яҳудиён дар Ерусалим (Байтулмуқаддас) доир мегардад. Ҳаҷҷи офтобпарастони қадима бошад, рафтан ба “Хонаи офтоб”, яъне ба сарзамини имрӯзаи Ҷопон буд, ки дар ҳамин афсонаи қадимаи тоҷикӣ мо тасдиқи онро пайдо кардем”.

Баъдан Цветов барои исботи суханони худ як китоби калонҳаҷми пур аз расмҳои рангинеро, ки ҳамон солҳо дар Токио мунташир шуда будааст, боз намуда, ба мо расмеро аз бозёфти археологҳои Шӯравӣ намоиш дод, ки чанд сол пештар дар ҳафриёти минтақаи Саразми Тоҷикистон пайдо шуда буд.

Дар он расм, ки дар девори маъбади антиқие наққошӣ шудааст, як мард ва як зан дар дастонашон гуле ба монанди парчам тасвир ёфтаанд, ки ба сӯи ибодатгоҳ мераванд. Аз паси онҳо ғуломи сияҳпӯсте дар тори сараш бӯғчаи бузургеро, ки эҳтимолан иборат аз тӯшаи қурбонии ҳамон марду зан аст, бардошта меравад…

Владимир Цветов ба мо он бозёфти тозаи археологиро чунин тазаккур дод: “Ана ин расмро, ки торихи тақрибан 10-12 ҳазорсола дорад, археологҳои мо аз Тоҷикистон пайдо карданд. Таърихшиносони шӯравӣ дар шарҳи манзараи дар ин наққошӣ аксёфта ба хулосае омада буданд, ки бошандагони қадимаи Тоҷикистон дини будпарастӣ доштаанд. Ва ин завҷи дар акс таҷассумёфта дар дасташон гули бобуна ба маъбади будпарастӣ рафта истодаанд.

Аммо таърихшиносони ҷопонӣ ин ақидаро раъд карда, собит намуданд, ки гули бобуна (ромашка) ба дини будпарастӣ ҳеҷ рабту нисбати мантиқие надорад ва будпарастон ҳангоми ба маъбад рафтанашон дар даст бобуна намегиранд.

Ин гул, дар асл, гули офтобгардон (офтобпараст) рамзи аслии мазҳаби офтобпарастӣ аст ва бо ҳамин далел ваҷҳи қадимаи миллати худро, ки: “Дини офтобпарастӣ дар сарзамини ориёиҳо ба миён омада будааст ва қадимтарин хонаводаҳои гузаштагони миллати ҷопонӣ ҳам аз сарзамини ориёиҳо омадаанд”, собит намуданд…

Консерти Ҷӯрабек Мурод ва Одина Ҳошим

бо “одна палка и две струны”

Он рӯз Владимир Цветов барои мо, журналистони Садосимои саросари Шӯравӣ, як хотираи аҷиби дигарашро низ аз замони фаъолияташ дар Токио нақл карда истода, аз мо пурсид: “Дар хотир доред, ки чанд сол пештар аз Тоҷикистон ду овозхони шинохтаи миллии шумо бо сафари эҷодӣ ба Токио рафта буданд, ки дар расонаҳо сару садоҳои зиёдеро ба миён овард?”

Мо гуфтем: “Оре! Чанд сол пештар артистони маъруфи мо — Ҷӯрабек Мурод ва Одина Ҳошим ба Ҷопон сафари эҷодӣ анҷом дода буданд…”

Мавсуф суханашро идома дода гуфт: “Он сол ман раиси Хонаи фарҳанги шӯравӣ дар шаҳри Токио будам. Аз Ватан, ҳамон як дастаи даҳ – дувоздаҳнафараи овозхонони тоҷик омаданд, ки бо худ фақат асбобҳои оддии мусиқии миллияшонро доштанд (ба ибораи Владимир Цветов, як чӯби хушки иборат аз ду тори симин… “одна палка, две струны»). Агар бо меъёрҳои мусиқии байналмилалӣ гӯем, онҳо на нота доштанду на асбобҳои маъруфи мусиқии пешрафтаи муосир…

Ман бо худ гуфтам, қабл аз ин мо консерти театрҳои бузурги Маскавро ба ҷопониҳо нишон медодему аз дастовардҳои мусиқии Иттиҳоди шӯравӣ ифтихор мекардем. Ҳоло бошад, бо муаррифии ин дастаи мусиқии ғайриҳирфавии як халқи кӯчак шояд касе ба консерт набиёяду мо шарманда шавем. Бо ҳамин далел, рӯйхати консертҳои ин дастаро дар минтақаҳои дурдаст ва дар маҳалҳои камаҳолӣ ба нақша гирифта, он нақшаро ба масъулини ҷониби ҷопонӣ пешниҳод кардем. Вале ҷопониҳо гуфтанд: “Мо консертро дар бузургтарин толорҳои консертии Токио хоҳем гузаронид!”

Рӯзи консерти нахустин ман нақша кашидам, ки худро бемор эълон кунам ва дар хона пинҳон шуда, ба консерт наравам, ки шоҳиди толори бетамошобин шуда, хиҷолат накашам. Ҳамин тавр ҳам кардам! Аммо, соате қабл аз оғози консерт ду-се профессори машҳури ҷопонӣ бо мошин суроғи ман омада, маро бо худ бо консерт даъват карданд. Ман ноилоҷ, бо эҳсоси хиҷолатмандӣ бо онҳо ҳамроҳ шудам.

Ба назди театр омада, манзараи аҷоиберо дидам, ки дар тасаввурам намеғунҷид. Дар толори бузургтарини Токио барои тамошои консерти тоҷикон анбуҳи бешумори тамошобинон ҷамъ омада буданд. Барои истиқболи ин дастаи ҳунарӣ дар даромадгоҳ ба самти театр, дар масофаи тӯлонӣ аз қолини сурх пойандоз андохта буданд. Дар ду тарафи хиёбон мардуми зиёде ҷамъ омада буданд, ки ба пойи меҳмонон тибқи таомули шарқӣ гулбаргҳо мефишонданд…

Издиҳоми тамошобинон дастаи ҳунариро истиқбол ва ҷониби театр раҳнамоӣ мекарданд. Толор бо балконҳояш пур аз тамошобиноне буд, ки бо кафкӯбиҳои бардавом меҳмононро истиқбол менамуданд…

Пеш аз оғози консерт торихшиносони маъруф суханронӣ карда, ба тамошобинон мужда расониданд, ки “Ин дастаи ҳунарӣ, аз Ватани торихии ориёии мо, аз Ариана вейҷи қадима, яъне аз Балху Бухорои имрӯза ташриф овардаанд, ки барои мардуми Ҷопон аз савту навоҳои аҷдодони гузаштаамон намуна иҷро бикунанд…”

Баъди ин суханони Владимир Цветов мо — чор нафар журналистони тоҷикистонӣ, то охири курси такмили ихтисос дар байни ҳамкасбони худ ба қаҳрамони асосӣ мубаддал гаштем. Дӯстони русу гурҷиву чечену ингушу доғистониву арманиву литвониву яҳудиву қазоқиамон моро иҳота карда, талаб мекарданд, ки дар мавриди таъриху тамаддуни гузаштаи миллати худ ҳар чизе, ки медонем, ба онҳо нақл кунем ва мо ҳарчӣ аз таърихи миллатамон медонистем, қисса мекардем…

Ин ҳодиса сабаб шуд, ки ҳамон солҳо дар байни журналистони ватанӣ, дар мавриди пажуҳиши таъриху тамаддуну фарҳанги ориёӣ тамоюли чашмрасе ба миён омада буд!

Дар замоне ки ҷаҳонро аз нав тақсим мекунанд…

Ҳоло пешрафти илму техника агар аз як тараф ҳаёти инсонҳоро рангину ширину зебо карда бошад, аз тарафи дигар, ин пешравиҳо аз одамони саросари сайёра табиати асили инсониро гирифтааст ва инсонҳоро ба самти сифоти ҳайвонӣ тамоюл додааст. Инсонҳои имрӯза аз қатлу куштор, одамбадбинӣ, озору азияти заифон, бадахлоқӣ, душманӣ бо дигарандешон, бемаърифативу бераҳмӣ… эҳсоси хиҷолат намекунанд.

Муттаассифона, имрӯз, ҳизбҳову миллатҳову таълимоту идеологияҳое ҳам дар олам мавҷуданд, ки дар ниҳоди ашхоси маризи равонидошта ва сироятзадаи одобу урфи ғайриинсонӣ, ба монанди кибру ғурур дар баробари заифон, бераҳмӣ ба табиату набототу олами ваҳш, беэҳтиромӣ ба наздикону волидон, қавмпарастиву миллатношиносӣ, нажодпарастӣ, ҳамҷинсгароӣ, хуношомиву одамситезӣ, ба ҷои табобату поксозии ин амроз, барои таъмини манофеи худ, ин хислатҳои нангинро, ки табиатан як навъ маризи сироятӣ низ ҳастанд, ташвиқ менамоянд…

Аз нигоҳи банда, имрӯз дар олам боз ҳам ҳамон миллатҳои ҳавзаи тамаддуни ориёӣ ба монанди тоҷикону ҷопониён ҳастанд, ки дар анъанаҳо ва урфу одатҳои миллии худашон бештарин хислатҳои наҷиб ва ахлоқи ҳамидаи инсониро маҳфуз нигоҳ доштаанд ва ин ганҷинаҳои пурарзиши тамаддуни оламшумулро ба наслҳои оянда мунтазам интиқол медиҳанд, арзишҳо ва ганҷинаҳоеро, ки баъзе миллатҳои дигари олам аз онҳо дур рафтаанду ҳоло барои баргаштан ба маърифати асили инсонӣ сахт ниёзманданд… Мо, ҷамъи қавму миллатҳои қадима, бояд бо ҳамдигар боз ҳам наздиктар ошноӣ пайдо карда, аз ганҷинаи таҷрибаи ҳамдигар, ҳар як хислату анъанаи наҷиби миллии аздастрафтаамонро пайдо намуда, онро дубора эҳё ва барқарор созем.

Дар ин замоне ки;

— арабҳо мехоҳанд фарҳанги арабӣ дар ҷаҳон қутбнамо бошад;

— яҳудиён мехоҳанд, афкори миллии онҳо ҳидоятгари аслии сиёсатҳои олам бошад,

— туркзабонон кӯшиш доранд, ки барои даст пайдо кардан ба мақоми яке аз қутбҳои ҷаҳонӣ императории “Туркияи бузург”-ро дар саросари олам эъмор кунанд, то сухангӯи асосии тамаддуни ояндаи башарӣ бошанд,

— чиноиҳо барои расидан ба мартабаи қутби бартари ҷаҳонӣ роҳ мепаймоянд…

Ман фикр мекунам, ҳоло вақти он расидааст, ки дар бораи таъриху фарҳанги муштараки миллатҳои ориёинажод, аз қабили тоҷику ҷопониву ҳинду ирониву олмониву славяниву осетиниву гурҷиву армяниву дигар миллатҳои ҳамреша тадқиқотҳои бештари пажуҳишӣ сурат бигирад, то ин ки робитаи фарҳангиву сиёсӣ-иҷтимоии миллатҳои ҳамтамаддуну гуногунтамаддунро боз ҳам наздиктару мустаҳкамтар намояд. Ва ба ин васила инсонияти то имрӯз аз решаҳои фарҳангу тамаддуни инсонӣ дуррафтаро дубора ба роҳи дурусти одобу ахлоқу маданияту фарҳанги асили инсонӣ, ҳидоят ва раҳнамоӣ созем.

Ҳамкорӣ дар заминаи пурғановатӣ фарҳангу тамаддуни қадимаи ориёӣ бо мақсади мубориза бар зидди нажодгароӣ ва муаррифии солимтарин дастовардҳои тамаддуни инсонӣ дар тӯли торихи ин миллатҳо, мавриди назар аст, ки онро метавон ба фоидаи тамоми миллатҳои олам, босамар истифода намуд.

Абдураззоқ Саид «ИмрӯзNews»