Рӯзи 11 феврал ба Тоҷикистон боз 594 ҳазор воя ваксинаи “Модерна”-и истеҳсоли ширкати “Модерна Инк”-и ИМА ворид карда шуд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, ин миқдор ваксина дар чорчӯбаи фаъолияти механизми COVAX ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Тоҷикистон ворид.
Гуфта мешавад, ин миқдор ваксина бо мақсади пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 ва ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани сокинони ҷумҳурӣ оварда шуд.
Бино ба маълумоти Вазорат, дар маҷмӯъ, ба ҷумҳурӣ тавассути механизми байналмилалии COVAX ва кумакҳои башарӣ беш аз 11,2 млн воя ваксинаҳои “АстраЗенека”, “КоронаВак”, “Модерна”, “Спутник V” ва “Пфайзер” ворид карда, мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, ки 3 июли соли 2021 ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои ҷумҳурӣ ҳатмӣ мебошад.
Тибқи маълумоти расмӣ, то 12 феврали имсол дар Тоҷикистон 17375 ҳолати сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин ҳисоб то санаи зикргардида 17236 нафар (99,2{71e3f139ddb7d3693c5e6ac9bc14887c7a7ddbde000887efff05120848d0251e}) шифо ёфтаанд. Дар Тоҷикистон аз беморӣ 124 нафар фавтидаанд.