Суди шаҳри Бохтар як мансабдори маҳаллиро барои риоя накардани Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” наздик ба 2 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Дар ин бора Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод.
Ба иттилоъи манбаъ, зимни санҷиши фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят оид ба иҷрои Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ду ҳолати аз сӯйи роҳбари ин Раёсат риоя нашудани қонуни мазкур ошкор карда шудааст:
“Санҷиш нишон дод, ки Мӯсозода Шодӣ Абдухолиқ аз 7 январи соли 2018 инҷониб роҳбарии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлонро бар ӯҳда дошта, ҳамчун шахси мансабдор вазифаҳои худро ба таври дахлдор иҷро накарда, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тодикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тодикистон”-ро риоя накардааст.
Тибқи талаботи қисмҳои 1-3 моддаи 20-и Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, матни муҳру тамғаҳои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва инчунин соҳибкорони инфиродӣ ба забони давлатӣ навишта мешавад:
“Вале ин талаботи қонунро Мусозода Ш.А. риоя накарда, муҳр ва тамғаҳои ба забони ғайридавлатӣ навишташудаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлонро то ин ҷониб истифода кардааст”.
Ҳамчунин, номбурда номи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлонро ба забони ғайридавлатӣ навишта, дар даромадгоҳи бино овезон намудааст, ки мухолиф ба талаботи қисмҳои 1-2 моддаҳои 18-и қонуни мазкур мебошад. Тибқи ин модда, номгузории тамоми ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон ба забони давлатӣ сурат гирифта, ҳамаи лавҳаю овезаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ба забони давлатӣ навишта мешаванд.
Бо қарори Суди шаҳри Бохтар, ки охирҳои моҳи марти имсол содир гардидааст, Мӯсозода Ш.А. ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 1920 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима баста шудааст.