Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабарҳо дар бораи суқути чархболи низомиро дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рад кард:
“Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паҳн гардидани хабарҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ, вобаста ба амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ВМКБ, ки гӯё зимни он як чархболи низомии Тоҷикистон дар Рӯшон суқут кардааст, хабарро рад менамояд ва изҳор медорад, ки ин маълумот ягон асоси воқеӣ надорад”, — гуфта шудааст дар изҳороте, ки дар сомонаи Вазорат нашр шуд.
Аз ин қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоте нашр шуд, ки гӯё “ин чархбол ҳангоми тирандозӣ аз дарёи Панҷ, ки марз бо Афғонистон аст, гузашта ва ба ҳамин далел “Толибон” онро бо мушак задаанд”.