Пешниҳоди ПСР-тест (маълумотномаи тиббӣ оид ба бемории сироятии COVID-19) ё гувоҳнома (сертификат) дар бораи ваксина гирифтан зимни вуруд ба қаламрави Тоҷикистон бо нақлиёти ҳавоӣ боз ҳатмӣ шуд. Бино ба хабари АМИТ “Ховар”, бо дарназардошти афзоиши бемории сироятии COVID-19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон, Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо сирояти коронавирус дар Тоҷикистон дар ин бора қарор қабул кардааст.
Вобаста ба ин ба Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки ин қарорро ба маълумоти сокинон ва меҳмонони кишвар расонад.
Бино ба маълумоти Агентӣ, ҳар давлат ҷиҳати пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ оид ба бемории сироятии COVID-19 (ПСР-тест) ва ё шаҳодатномаи ваксинатсия талаботи худро ҷорӣ намудааст ва вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандон метавонанд ҳангоми хариди чиптаи ҳавопаймо аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ маълумот дастрас намоянд.
Хотиррасон мешавад, ки ин чораҳои беҳдоштӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 муваққатан роҳандозӣ гардида, бо беҳ гардидани вазъият аз байн бурда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон пешниҳоди ПСР-тестро ҳангоми вуруд ба ҷумҳурӣ расман бекор накарда буд. Мувофиқи қарори ситод, аз 15 марти соли 2022 ба мусофирони ба кишвар омада кофӣ буд, ки шаҳодатнома дар бораи ваксинзаниро бо худ дошта бошанд. Лекин дар сурати набудани он, пешниҳоди маълумотнома (справка) бо натиҷаи манфии ПСР-тест лозим меомад, ки 72 соат то расидан ба Тоҷикистон дода шудааст.
Лекин бо сабаби беҳбуди вазъи марбут ба коронавирус, аксарият аз тест намегузаштанд ва санҷишҳо бештар хусусияти тавсияро доштанд.
Аз ин қабл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ эълом кард, ки “бо дарназардошти вазъи мураккаби гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар якчанд кишвари минтақа” дар Тоҷикистон давраи чоруми ваксинагирӣ ба зидди коронавирус оғоз шуда, аллакай даҳҳо ҳазор кормандони соҳаи тандурустӣ ваксина гирифтаанд.
“Шурӯъ аз 16 август даври чоруми маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустии кишвар оғоз гардид, ки аллакай дар ин марҳила 36 ҳазору 635 нафар кормандон ба ваксинатсия бар зидди бемории ҳамагири COVID-19 фаро гирифта шуданд”, — омадааст дар иттилоияи Вазорат.
Дар маҷмуъ, аз оғози маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 дар Тоҷикистон то 19 август дар ҷумҳурӣ байни гуруҳҳои мақсаднок 5 миллиону 312 ҳазору 807 нафар (94,9 фоиз) бо вояи якум, 5 миллиону 221 ҳазору 534 нафар (93,3 фоиз) бо вояи дуюм ва 4 миллиону 927 ҳазору 758 нафар (88,0 фоиз) бо вояи сеюм бар зидди сирояти мазкур фаро гирифта шудаанд.
Бо ин мақсад ба Тоҷикистон 18 миллиону 290 ҳазор воя ваксинаи зидди COVID-19 ворид гардидааст.