Чаро Ҳиндустон узви доимии Шурои амнияти СММ нест?

Shared to Facebook

Ёздаҳ далел ба зарурати узвияти доимии Ҳиндустон дар Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид

“Гузашта ҳамеша бо мост ва ҳар он чизе, ки мо ҳастем, ҳар чизе ки мо дорем, аз гузашта бармеояд. Мо офариниши Ӯ ҳастем, дар Ӯ ғарқ шуда зиндагӣ мекунем. Инро нафаҳмидан ва гузаштаро ҳис накардан маънои нафаҳмидани имрӯзро дорад”.

(Ҷавоҳирлаъл Неру, сиёсатмадори Ҳинд)

Дар панҷоҳ соли охир дунё аз алиф то ҷим, аз замин то осмон, аз Аляска то Қутби шимол, аз Ҳимолой то Африқои ҷанубӣ, аз Испания то Ҷопон куллан тағйир хӯрд. Аммо оиннома ва сохтори Созмони Милали Муттаҳид мисли ҳайкалҳои шахшудаи сангии Юнони қадим бетағйир монд.

Шояд асоси ҷангу нооромӣ, тӯфону исёнҳо ин СММ-и шахшудаи мутеи панҷгонаи ИМА, Чин, Британия, Русия ва Фаронса аст? Ин абарқудратҳо “муаллиф” ва “коргардони”-и ду ҷанги ҷаҳонӣ ва 5 инқилоби таърихии дунё, мустамликадорону ғуломдорони бостонӣ дар 50 соли охир, фақат бо роҳи ҷанг, инқилобу ғоратгарӣ ҷаҳонро таҳти таъсири хеш қарор додаанд ва барои ин ҳадаф аз ягон маблағ, силоҳ даст накашиданд. Аз ин рӯ, ислоҳоти СММ хеле зарур аст.

5 кишвари узви доимии Шурои амният, бараъкс, ба “шурои бадбахтию гунаҳкори низоъи ҷаҳонӣ” табдил ёфтаанд. Акнун вақти тағйири сохтор, шакл, муҳтаво, низомномаҳо ва пойтахти маъмурии СММ фаро расидааст. Барои ин аллакай кушишҳои расмӣ мушоҳида мешаванд. Чанде пеш сарони Муколамаи чаҳорҷонибаи амният (QUAD; Австралия, Ҳиндустон, ИМА ва Ҷопон) зарурат барои ислоҳоти Шӯрои Амнияти СММ тавассути намояндагии бештари ин ниҳодро эълом карданд. Зеро дар Шурои амният намоядаи беш аз 3,37 миллиард аҳолии Осиё (бидуни Чин), Амрикои Лотинӣ, Африқо ширкат надоранд. Вале таҷрибаи 50 соли охир далолат мекунад, ки гиреҳ ва кургиреҳҳои сиёсии дунё дар Осиё, Амрикои Лотинӣ ва Африко ниҳон аст.

Анқариб дафтари матбуотии Кохи Сафед изҳор кард, ки дар нишасти чаҳоргонаи рӯзи шанбе дар Вилмингтон (Делавэр) мароми ин чор кишвар (аслан, се кишвар ва як қитъа) барои зиёд кардани нуфуз ва мақоми СММ квотаи бештаре пешниҳод мекунанд. Ва бояд имрӯз аҳли башар барои кӯчондани Ситоди марказиии СММ аз Ню-Йорк ба Аврупо ё Осиё иқдоми ҷиддӣ нишон диҳад. Ассамблеяи генералӣ то ҳадде ба ҳайси иҷоранишин мутеи ИМА мебошад. Аз бетарафию беғаразии Швейтсария, ки дар ду ҷанги ҷаҳонӣ мавқеи бетарафӣ ишғол карда буд, истифода бурдан лозим аст.

Дар ин феҳрист довталаби нави узви Шурои доимии амнияти СММ Ҳиндустон аз ҳама беш таваҷӯҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб мекунад. Ва имрӯз коршиносон мутмаин ҳастанд, ки баро узвияти доимӣ Ҳиндустон ҳуқуқи бештар дорад.

Бино ба ҳисоби коршиносон, Ҳиндустон барои узви доимии Шурои амният интихоб шудан ёздаҳ бартарӣ дорад:

1. Дар ин давлат 1 миллиарду 410 миллион аҳолии Сайёра (то соли 2023) зиндагӣ намуда, аз нигоҳи рушди аҳолӣ дар дунё дар мақоми аввал қарор дорад;

2. Ҳиндустон бо ҳудудаш 3 287 263 километри квадратӣ дар Осиё бузургтарин давлат аст;

3. Ҳиндустон тамаддуни даҳҳазорсола дошта, панҷяки мероси таърихии тамаддуни инсоният ва се дини калонтарини дунё дар ин ҷо маҳфуз мебошад;

4. Ҳинудстон беш аз 200 сол мустамликаи империяи Бритониё буда, барои истиқлолият ва тамомияти арзию давлатӣ бе дахолати беруна мубориза бурдааст;

5. Тибқи Сарқонун, дар Ҳиндустон 21 забони расмии давлтӣ сабт шудаанд, ки дар дунё 54 фоиз аҳолии Сайёра бо ин забонҳо муошират менамояд;

6. Ҳиндустон ҳудудашро ба Покистон, Непал, Шри Ланка, Чин, Бутан, Бангладеш бидуни ҷанг дода, Истиқлолияти ин давлатҳоро эътироф кардааст;

7. Дар Ҳиндустон калонтарин динҳои ҳиндуизм, буддизм, сикҳизм, ҷайнизм, ислом, марказу ситод ва мероси динии бостонӣ доранд;

8. Ҳиндустон давлати кайҳонии дорои яроқи ядроӣ мебошад. Ҳамзамон узви созмонҳои байналмилалие, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, G20, СҶТ, Ассотсиатсияи Осиёи Ҷанубӣ оид ба ҳамкориҳои минтақаӣ, БРИКС ва СҲШ мебошад;

9. Чаҳор шаҳри Ҳиндустон ба 100 кластери беҳтарини илм ва технологияи ҷаҳон дохил карда шудаанд. Деҳлӣ, Мумбай ва Ченнай ҳамзамон муаллифи панҷяки ихтирооти илмӣ-техникӣ мебошанд;

10. Ҳиндустон ҳоло сеюмин кишвари абарқудрати иқтисодии ҷаҳон буда, аз рӯи истеҳсоли 28 намуди маҳсулот дар ҷойи якум қарор дорад;

11. Ва ниҳоят, аз ҳама муҳим, Ҳиндустон дар ҳазор соли охир ба ягон кишвари дунё ҳуҷум накарда, ҳудуди ягон кишварро забт накардааст.

Ин омилҳо ба Ҳиндустон комилан ҳуқуқ медиҳанд, ки узви доимии Шурои амнияти Созмони Милали Мутаҳид бошад. Алҳол ягон кишари дигар чунин бартарӣ барои амнияи куллии Сайёра дар сатҳи СММ надорад.

Таҳияи Н. Шоҳинбодов

(аз омор ва далелҳои Интернет истифода шудааст)