Бино ба иттилои маркази матбуотии Ҳавзаи марказии низомии Русия, аз Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия дар вилояти Новосибирск чархболҳои нақлиётӣ ва ҷангии Ми-8 ва зарбазани Ми-24 ба фурудгоҳи низомии Ҳисори Тоҷикистон интиқол дода шуданд.
Чархболҳои ҷангӣ аз Русия тариқи ҳавопаймои боркаши нақлиётии бузургҳаҷми Ан-124-100 “Руслан” оварда шудаанд:
“Пеш аз интиқол баъзе сохтори чархболҳо қисман гирифта шуда, бо расидан ба фурудгоҳи таъинот кормандони ҳайати муҳандисӣ ва техникӣ онҳоро васлу насб карданд ва сарнишинони ҳавопаймо парвози техникаро санҷиданд”, — хабар дод манбаъ.
Зикр мегардад, ки онҳо ба тамрини сеҷониба сафарбар карда мешаванд.
Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар машқҳои воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон, ки 1 август дар ҷануби Тоҷикистон оғоз шуданд, 25 чархболу ҳавопаймои нақлиётию ҷангӣ, тақрибан 300 танк, мошинҳои зиреҳпӯш, дастгоҳҳои артиллерӣ сафарбар мешаванд.
Ҳамчунин, дар назар аст, ки Русия ба ин тамринҳо мошинҳои зиреҳпӯши — 2М-ро, ки ба пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон ворид намудааст, сафарбар намояд.
Машқҳо дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”-и вилояти Хатлон, дар наздикии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ҷараён гирифта, дар онҳо зиёда аз 2 ҳазор нафар сарбозону афсарони се кишвар ширкат меварзанд.
Ҳадаф аз баргузор намудани машқҳои муштараки васеи низомӣ — амалан санҷидани иҷрои вазифаҳои ҷангии ҷузъу томҳо ҳангоми номуътадил гардидани вазъият дар сарҳади давлатӣ, сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон дар ташкили амалиёти муваффақонаи низомӣ, ҳамоҳангии ҷузъу томҳо дар сурати ба вуқӯъ пайвастани ҳама гуна таҳдиди хатар, вусъат додани қувва ва воситаҳои моддӣ-техникӣ арзёбӣ мешавад.
Машқҳои муштараки васеи низомӣ то 10 август идома меёбанд.