Бино ба маълумоти расмӣ, то 11 августи имсол дар Тоҷикистон 1 миллиону 541 ҳазору 475 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. То рӯзи гузашта беш аз 130 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ вояи дуюми ваксинаро гирифтаанд.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ маълумот дод:
“Танҳо давоми як рӯз, яъне 11 августи соли равон дар мамлакат 60 ҳазору 823 нафар шаҳрвандони кишвар ба ваксинатсия зидди бемории коронавирус фаро гирифта шуданд”, — маълумот дод манбаъ.
Афзоиши босуръати ваксинакунонӣ дар ҳолест, ки тибқи омори охири расмӣ, теъдоди сироятёфтагони ин беморӣ дар ҷумҳурӣ ба 15862 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 70 ҳолати сироятёбӣ ба ин вирус сабт шудааст.
Дар айни замон, бино ба маълумоти манбаъ, дар шабонарӯзи гузашта 76 нафар пас аз муолиҷа солим гардонида шудаанд.
Дар маҷмӯъ, бино ба маълумоти расмӣ, то санаи зикргардида 15428 нафар (97,3{7fae7d3210038c923b19efe3ba7d28d4385a99b0ff0db68682322141649f6360}) шифо ёфтаанд. Бар асари ин беморӣ 123 нафар фавтидаанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то субҳи 9 август дар ҷаҳон 202,2 млн нафар мубталои ин беморӣ шуда, аз ин наздик ба 4,3 млн нафар фавтидаанд.
Тибқи омори пойгоҳи маълумотдиҳии Ourworldindata.org, дар айни замон ҳар рӯз дар ҷаҳон 36,66 миллион воя ваксина истифода шуда, то 11 август 4,54 млрд воя ваксинаи зидди коронавирус истифода гардидааст. Дар маҷмӯъ, 30,4{7fae7d3210038c923b19efe3ba7d28d4385a99b0ff0db68682322141649f6360} аҳолии ҷаҳон ҳадди ақал як дозаи ваксинаи COVID-19 гирифта, 15,8{7fae7d3210038c923b19efe3ba7d28d4385a99b0ff0db68682322141649f6360} пурра эм карда шудаанд.
Танҳо 1,2 фоизи аҳолии кишварҳои камдаромад ҳадди ақал як воя ваксина гирифтаанд.