Бино ба гузоришҳо, ду конгрессмени ИМА Майк Волтз ва сенатор Линдси Грэм дар як тамоси телефонӣ бо Аҳмад Масъуд муқовимати миллии Афғонистонро алайҳи ҳаракати радикалии “Толибон” ситоиш кардаанд.
Дар ин бора дар изҳороти муштараке, ки сомонаи Майк Волтз нашр кард, зикр шудааст:
“Гуфтугӯ бо Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ифтихори бузург буд. Мо аз шунидани он хурсанд шудем, ки ӯ ба муқовимат бо бераҳмии “Толибон” ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон содиқ мемонад”, — гуфта шудааст дар ин изҳорот.
Онҳо чунин мешуморанд, ки “Толибон” набояд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ИМА эътироф карда шаванд, зеро “ҳукумат ва неруҳои мусаллаҳи “Толибон” аз “Ал-Қоида” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ иборатанд”.
“Мо аз маъмурияти Байден даъват мекунем, ки ба ҳама гуна талошҳо барои эътирофи “Толибон” ҳамчун ҳукумати Афғонистон ва ба ҳама даъватҳо барои намояндагии толибони афғон дар Созмони Милал муқовимат кунад”, навиштаанд онҳо.
Дар моҳи август имсол ин сиёсатмадорон аз президенти ИМА даъват карданд, ки Аҳмад Масъуд ва ноиби президенти пешин Амруллоҳ Солеҳро ба ҳайси намояндаи ҳукумати қонунии Афғонистон эътироф кунад.
Аввали ин моҳ сенатори ҷумҳурихоҳ Марко Рубио ва ҳамкасбонаш Томми Табервил, Шелли Мур Капито, Дэн Салливан, Том Тиллис ва Синтия Луммис лоиҳаи қонун оид ба пешгирии эътирофи давлати террористҳоро муаррифӣ карданд, ки муқаррар мекунад, котиби давлатӣ “Толибон”-ро ҳамчун як созмони террористӣ ва давлати худхондаи Аморати исломии Афғонистонро ҳамчун давлати сарпарасти терроризм эътироф намояд.
Ба гузориши хабаргузории “Ройтерз”, ин тарҳ ҳамчунин алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дидаю дониста ба “Толибон” кумак мерасонанд, таҳрим пешбинӣ мекунад. Илова бар ин, муаллифони лоиҳа мехоҳанд, Департаменти давлатӣ дар давоми шаш моҳ дар бораи он ки оё “Толибон” созмони қочоқи маводи мухаддир эълон шавад, гузориш пешниҳод кунад.
“Шубҳае нест, ки Афғонистон таҳти назорати “Толибон” ба манфиатҳои амнияти миллии мо, инчунин ба манфиатҳои иттифоқчиён ва шарикони мо дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад”, — изҳор дошт Рубио ва афзуд, ки баъди хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон ин кишвар ба “паноҳгоҳи террористоне, ки ба Амрико нафрат доранд” табдил меёбад.
Ахиран Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Вашингтон вазъ дар Афғонистонро бодиққат пайгирӣ ва Толибонро аз рӯйи амалашон доварӣ мекунад.
Ҳамчунин, дар Кохи Сафед гуфтанд, Толибон “сазовор нашуданд”, ки ба онҳо ҳамчун як узви боэътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибат кунанд.
Дар ҳамин ҳол, эътирофи Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд ба ҳайси як ҷониби асосии муқовимат ба неруи бадӣ дар Афғонистон бори аввал нест. Ду ҳафта қабл Парламенти Аврупо ба муборизаи қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд баҳои баланд дода ва пас аз 20 сол Аҳмад Масъуди хурдиро ҳамчун вориси ӯ эътироф кард. Ҳамчунин, Парламенти Аврупо қатъномае қабул кард, ки тибқи он, Аҳмад Масъуд дар ҷаласаи Парламенти Аврупо ва Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ширкат ва суханронӣ мекунад.