“Abu Dhabi Grand Slam 2021”: Тоҷикистонро 10 варзишгар муаррифӣ мекунанд

Shared to Facebook

Дар мусобиқаи ҷудои “Тоскулоҳи бузург” ё “Abu Dhabi Grand Slam 2021” дар Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб Тоҷикистонро 10 паҳлавони ҷудокор намояндагӣ мекунанд, хабар медиҳад Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон.

Ин мусобиқа рӯзҳои 26-28-уми ноябри имсол баргузор мешавад.

Дар назар аст, ки дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон Шаҳбоз Сайдаброров (-60кг), Алиҷон Сафаралиев (-66кг), Баҳром Суфиев (-66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73кг), Ҳақназар Назаров (-81кг), Хушвахт Идиев (-81кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Комроншоҳи Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) ширкат варзанд.

Бино ба ҷадвали мусобиқот, рӯзи аввали мусобиқа Шаҳбоз Сайдаброров, Алиҷон Сафаралиев ва Баҳром Суфиев ба майдон мебароянд.

Ҷоизадори мусобиқаи “Гранд Слам”-и Осака Сомон Маҳмадбеков дар рӯзи дуюми рақобатҳо рӯи татами мебарояд.

Дар ҳамин вазн як тан паҳлавони ҷавону умедбахши тоҷик Маҳмадраҳим Сарахонов низ ҳузур хоҳад дошт.

Ҳақназар Назаров ва Хушвақт Идиев дар вазни -81 кг кишвари моро муаррифӣ мекунанд.

Ду карат чемпиони Осиё ва чаҳор карат чемпиони Гранд При Комроншоҳи Устопириён ва барандаи медали нуқраи Ҷоми Аврупои Оренбург Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -90 кг рақобат мекунанд.

Ба навиштаи муассиси гурӯҳи фейсбукии “Tajik sport” Абдурозиқ Неъматзода, “имконияти паҳлавони сангинвазн ва баландқомати мо Темур Раҳимов барои гирифтани медал дар ҳамин мусобиқа низ зиёд аст”.

 

Акс аз саҳифаи фейсбукии “Tajik sport”.