Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Дардошно


14.12.2020 11:32

: 309

Ҳар боре, ки бо ин марди шариф дучор оям, суханони Арбоби намоёни давлати ИМА Уилям Ҳенри Севард ба ёд меояд, ки “Ба ҳайси сафир ба хориҷа дар ду ҳолат фиристода мешаванд: ҳолати аввал ба онҳо дар хориҷа ниёз доранд. Дар ҳолати дуюм онҳо ба Ватан даркор нестанд”.

Бешак, дипломат ва олим Зафар Саидзода бо ҳадафи ниёз ба хориҷа фиристонда шудааст. Қариб 10 миллион мардуми вилояти Свердловск ӯро мешиносанд, дар симои ӯ маънавиёт, фарҳанг, одобу нангу номуси миллати тоҷикро эҳсос мекунанд. Садои фарёди тоҷикони муҳоҷир акнун шунида мешавад. Ва дар ҷавоби ин садо Зафар Саидзода дасти имдод дароз мекунад.

Муҳоҷири меҳнатӣ қариб дар тамоми кишварҳо қишри заъфпазир ва бесаробон маҳсуб мешавад. Имрӯз ин қишр дар хориҷи кишвар дар муқобили сохторҳои қудратии полис, идораҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии дохилӣ, созмонҳои ватандорон, рақибони бозори меҳнатӣ ва тоссарҳои миллатгаро истодагарӣ намуда, далерона заҳмат мекашад. Дар вилояти Свердловски Русия беш 200 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷир ҳастанд. Фишор, таъқиб, ҳатто боздошту шиканҷаҳои шадид аз ҷониби миллатгароён муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро ба танг оварда буд. Ҳатто соли 2004 мардуми бумӣ бо ҳидояти миллатгароён дар як гирдиҳамоӣ аз мақомоти кишвари худ хостори берун кардани тоҷикон аз вилоят ва роҳандозии режими виза байни Русия ва Тоҷикистон шуданд.

Ибтидо аз соли 2016 вазъ мӯътадил гардид. Намояндагони вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ ва хориҷӣ, фаъолони ҲХДТ барои амният, таъмини шароити кори муҳоҷирон корҳои шоёнро анҷом доданд. Аммо аз хизмату заҳмати шабонарӯзии консули генералӣ Зафар Саидзода чашм пушидан гуноҳ аст.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода пайваста бо роҳбарияти вилояту шаҳр доир ба шароити кор ва зисти муҳоҷирони меҳнатӣ ва тоҷикони муқимӣ мулоқоту суҳбатҳо доир менамояд. Масалан, чанде пеш ӯ бо директори Бюрои Агентии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба муҳоҷират — Созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Москва Абдусаттор Эсоев мулоқот кард. Зафар Шералиевич дар ҷараёни мулоқот намояндаи Агентии СММ дар бораи лоиҳаҳо оид ба расонидани кумаки иҷтимоӣ ба иттиҳодияҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва кумак ба мақомоти давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар ҳаллу фасли масъалаҳои соҳаи идораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити пандемияи коронавирус ва давраи баъди анҷоми ин бемории ҳамагир иттилои муфассал дод. Дар ин мулоқот роҷеъ ба мушкилоту вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Русия, аз ҷумла ба вилояти Свердловск ва умуман ба минтақаи Урал ва роҳу василаҳои бартараф кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Дар пасманзари раванди муҳоҷирати меҳнатии муташаккилонаи тоҷикистониён ба минтақаи Урал аҳамияти амалии ба кор гирифтани чунин имконот, ба мисли таҳсили қаблӣ дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии русиягӣ ва иқомат дар хобгоҳҳои модулӣ, махсус таъкид гардид.

Ин метавонист танҳо як хабари расмӣ бошад. Аммо бино ба ҳисоби як хабарнигор, чунин чорабиниҳо танҳо дар 10 моҳ 129 маротиба доир гардиданд.

Дарвоқеъ, Зафар Саидзода шабу рӯз барои муҳоҷирон дастрас мебошад.

Басо ҷолиб аст, ки ӯ таърихи Русияро на кам аз муаррихони рус медонад. Ин, дар баробари намоиши хирадмандии дипломатияи тоҷик, меҳру садоқати мардуми вилоятро ба мардуми тоҷик бедор мекунад. Эҳтиром ва эътиқод ба таъриху фарҳанги Русия дайни ҳар муҳоҷир аст. Пешвои миллат дар ин бора хирадмандона қайд карда буданд: “Шумо имрӯз дар кишваре иқомат доред, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ шарики табиӣ ва стратегии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ва дар минтақаи АвруОсиё давлати хеле фаъолу бонуфуз аст. Густариши муносибатҳои гуногунарсаи дӯстиву ҳамкории судманд бо Русия ва субъектҳои алоҳидаи он дар стратегияи сиёсии хориҷии мо мақоми хос дорад”.

Тарҷумаи ҳоли Зафар Сайидзода дар шакли мукаммал як рисолаи алоҳидаро фаро мегирад, аммо мухтасар ин гуна аст, ки ӯ 18 декабри соли 1961 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи рақами 66-и пойтахт гирифта, соли 1983 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм кардааст.

Ба ҳайси олими ҷавон - дар кафедраи атеизми илмӣ ва фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ташаккул ёфт. Ҳамон вақт ӯро ба кори дипломатӣ даъват карда буданд, аммо Зафар Шералиевич аз фаъолияти илмӣ ва педагогӣ даст накашид. Ҳимояи рисолаи илмӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ осон набуд. Аз 5 як ҳисса довталабон ба унвони илмӣ мушараф мешуданд. Соли 1989 рисолаи номзадии бахши фалсафаи иҷтимоӣ барои унвони номзади илми фалсафаро дифоъ кард. Олими ҷавон ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ равандҳо, тамоил ва ҷунбиши иҷтимоӣ-сиёсии ҷавононро бо далелҳои илмӣ собит намуд. Дар рисолаҳои илмии “Идҳо, ҷашнҳо ва маросимҳои нави шаҳрвандӣ” (Душанбе: Дониш, 1987.), “Ҷавонон дар бораи атеизм ва дин” тамаддуни исломӣ ва таърихии миллати тоҷикро шарҳ дода буд. Ҳамон давра ин пажӯҳиш дар ҷомеа баҳси тулонӣ ба амал овард.

Баъдан аз 1995 ба ҳайси инструктор, мудири сектори маорифи сиёсӣ ва иттилоот, мудири шӯъбаи идеологии Кумитаи Марказии Комсомоли Тоҷикистон, сармутахассиси Кумитаи кор бо ҷавонони Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон талош варзид.

Соли 1995 бештари кадрҳои баландихтисос ва мутахассисони варзида ба хориҷа фирор карданд. Ҳар рӯз аз ҳамсабақҳо ва ҳамкоронаш дар бораи “Биҳишти амрикоӣ”, сармояи хориҷӣ қиссаҳо мешунид. Аммо барояш хоки Ватан ва нони ҳалоли бо машаққат пайдокардааш авлотар аз биҳишт буд. Ӯро ба котиботи Президенти Тоҷикистон даъват карданд: Зафар Саидзода котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъин шуд.

Воқеан, Зафар Саидзода яке аз бунёдгузорони марказҳои матбуотӣ дар идораву вазоратҳои давлатӣ мебошад. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ котиби матбуотӣ ва маркази матбуотӣ вуҷуд надошт. Соли 1995 бо ҳамдастии журналист ва дипломати маъруф Игор Сатторов, ходими намоёни давлатӣ Давлаталӣ Давлатов маркази матбуотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷиро таъсис доданд.

Замоне ки мухолифин ва фирориёни зархарид, аъзои ТТЭ ҲНИ зидди Истиқлоияти давлатӣ “ҷанги иттилоотӣ” эълон намуданд, Зафар Саидзода “равзанаи ягона”-и итилоотии давлатиро ташкил намуда, қариб 24 соат иттилооти воқеиро паҳну пахш мекард. Ҳоло як далелро хотиррасон мекунем. Маълумоти бардурӯғе паҳн шуда буд, ки “Октябри соли 1995 силоҳбадастон дар минтақаи Тавилдара гуруҳи сарбозони Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро рабуданд. Сипас тавасути шабакаҳои итилоотии тундрави хориҷӣ эълон намуданд, ки урдуи Вазорати мудофиа куллан ба тарафи мухолифин гузшатаанд”.

Ин хабари дурӯғро ҳатто хабаргузории “Рейтерс” пахш намуда буд. Баъди 1 соати паҳншавии ин маълумот Зафар Саидзода изҳороти Вазораи корҳои хориҷиро ба шакли раддия пахш намуд. Баъди як рӯз шахсан бо иштироки Зафар Саидзода аз ноҳияи Тавилдара хабари телевизионӣ намоиш дода шуда, аз қаҳрамонии сарбозони ватандӯст дар амалиёти раҳоии сарбозон аз асорат барнома тайёр намуд.

Дар муддати се соли то имзои сулҳи тоҷикон Зафар Саидзода садҳо сафари журналистони хориҷиро ба Тоҷикистон созмон дод. Аз ҷумла, сафари журналистони ИТАР ТАСС, “Ассошиайтед пресс”, шабакаҳои телевизионии Русия ва дигарон ба ноҳияҳои водии Рашт ва ВМКБ ҷаҳониёнро аз ҳақиқати ҳол огоҳ намуд. Собиқ Сардори раёсати иттилоот ва таҳлили Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дипломат ва журналисти маъруф Игор Сатторов дар ин бора чунин менависад: “Зафар бо се забон озод суҳбат мекард. Тафаккури таҳлилии Зафар хориҷиёнро ба ҳайрат меовард. Ҳамзамон Зафар хеле зуд ҳадафи ҳар иттилоъро дарк карда, дар ҳолатҳои зарурӣ онро истифода мебурд”.

Дар муддати кутоҳ чун Директори Агентии иттилоотии тоҷикии “Ховар”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал сомонаро бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба бузургтарин оҷонсии хабарӣ табдил дод.

Ба ҳайси ҷомеашинос ва пажӯҳишгар ҳанӯз соли 1993 Зафар Саидзода феномени сиёсии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро инъикос карда буд. Ӯ яке аз нахустин эҷодкор ва олимон буд, ки чеҳраи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Дар китобҳои “Ҳомии сулҳу ваҳдат. Сулҳ ва ҳамбастагии азиз”, (Душанбе: Шарқи озод, 1997) “Президент Раҳмонов: мард ва сиёсатмадор. Президент Раҳмонов: шахс ва сиёсатмадор”, (Алмаато: Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон, 1997),”Тоҷикистон: Сиёсати хориҷӣ ва иттилооти омма”, Душанбе: Шарқи озод, 1997), “Президент Раҳмонов: мард ва сиёсатмадор” (Пекин: Нашриёти Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, 1998.), “Як соли Президент Раҳмонов”, (Душанбе: Шарқи озод, 1998) ва ғайра саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар истиқрори сулҳ, ташаккули давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва рушди иқтисоди кишвар бо омор ва далелҳои мӯътамад инъикос намуд.

Дар китобҳои пурарзиши “Сиёсати хориҷии Президент Раҳмонов”, (Душанбе: Авасто, 2000), “Сиёсати хориҷии Президент Раҳмонов”, (Душанбе: Сарпараст, 2001.), “Тоҷикистон шарики боэътимод дар муносибатҳои байналмилалӣ” (Душанбе: Авасто, 2003.), “Сиёсати дарҳои кушод” (Душанбе: Авасто-Шарқи озод, 2003) ташаккул ва тавсеаи димломатияи тоҷикро тасвир кард.

Борҳо аз забони русиягиҳо шунидаем, ки “Консули тоҷик босаводу дипломати фозил аст”. Ҳамин ҷумла кофист, ки бо ин марди дардошно ифтихор дошта бошем.


Фарҳод Мирҷамолов

Екатеринбург

махсус барои “Имрӯз News”


Комментарии для сайта Cackle