Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Тоҷикон дар Аврупо террорист набуданд, то замоне ки ҲНИ “аврупоӣ” набуд


28.09.2020 10:01

: 148

Бино ба гузоришҳо, Албания шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Комрон Зуҳуровро, ки ба узвият дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДИИШ муттаҳам дониста мешавад, ба мақомоти Олмон таслим кардааст. Ба маълумоти прокуратураи он кишвар, ин гуруҳ қасд дошт, ба воситаи Зуҳуров ва ҳаммаслаконаш ба муассисаҳои низомии Амрико дар Олмон ҳамла кунад.

Комрон Зуҳуровро моҳи майи имсол бо дархости Олмон дар Албания боздошт карданд. Мақомоти он кишвар гуфтанд, боздошти шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон дар Албания ба ҳабси 5 нафари дигар дар Олмон, ки рӯзи 15 апрели имсол сурат гирифт, иртибот дорад. Он вақт мақомоти Олмон гуфтанд, дар маҳалҳои Вердол, Зинген ва Ҳайнсберги замини федеролии Рейн-Вестфалии шимолӣ чор нафар исломгароёнро аз Тоҷикистон дастгир карданд, ки ба ташкили ҳамлаи террористӣ гумонбар дониста мешаванд...

Ин мухтасари ахборест, ки вақтҳои охир дар матбуоти Аврупо вобаста ба Тоҷикистон нашр мешавад. Айнан ҳамин хел: то замоне ки ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ “аврупоӣ” набуд, тоҷикон ё зодагони Тоҷикистон дар Аврупо ҳамчун террорист муаррифӣ намешуданд. Аслан, ин гуна хабарҳо, ки дар кадом як кишвари ин минтақа шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар ё содиркунандаи амали террористӣ дастгир шуда бошад, мавҷуд набуд. Аммо ин то соли 2015 буд – то замоне ки кушиши ғасби мусаллаҳонаи ҳукумат дар Тоҷикистон аз сӯи ҲНИ ноком анҷом ёфту аъзову роҳбарони ин ячейкаи ДИИШ-у “Ал-қоида” ба Аврупо фирор карданд.

Мухтасари ҳаводис ин аст, ки моҳи сентябри соли 2015 ТТЭ ҲНИ бо дасти собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода дар ҷумҳурӣ табаддулоти низомӣ роҳандозӣ кард. Табаддулот ноком анҷом ёфт. Омилонаш кушта ва бештари фармоишгаронаш дастгир шуданд. Аммо маблағгузор ва дирижёри асосии ин хунрезӣ ба Аврупо фирор кард. Ва инак панҷ сол аст, ки зуд-зуд матбуоти Аврупо аз дастгир шудани “террористи тоҷикистонӣ” хабар медиҳад.

Нашри ин гуна хабарҳо наметавонад тасодуф ё амали махсус роҳандозишуда бошад. Зеро вақте баъди ташкилоти террористӣ -экстремистӣ эълон шудани Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ, роҳбари фирорӣ ва аъзои он ба Аврупо ва асосан ба Олмон паноҳ бурданд, баъди як муддати хомӯшӣ дарди куҳнаашон аз нав рӯ зад. Назарияи терроризм ҳамин аст: ба террорист муҳим ин аст, ки ҳарчӣ бештар қатл кунаду даҳшат барангезад, ӯ супориш иҷро мекунад.

Ба ҳамин хотир, ҳолдонҳо ин фарзияро, ки дастгиршудаҳои болозикр ба василаҳое ба ин ташкилоти мамнӯъ иртибот доштанд, аз эҳтимол дур намедонанд. Зеро ба ДИИШ иртибот доштан, даҳшатафканӣ ва муборизаи мусаллаҳона ба зидди ҳукуматро ба ҳадаф гирифтан, аз ҷумлаи авлавиятҳои фаъолияти ҲНИ аст. Дар чанд соли охир даҳҳо узви ин ҳизб барои узвият ва ҳамкорӣ бо ДИИШ, ташкил ва роҳандозии амалиёти террористӣ ва ҳамчунин, муборизаи мусаллаҳона ба зидди сохти конститутсионии Тоҷикистон дастгир ва равонаи зиндон шудаанд.

Аз сӯи дигар, бо ДИИШ ва “Ал-қоида” иртиботи зич доштани ТТЭ ҲНИ, балки яке аз ячейкаҳои ҷангии ин ташкилотҳои террористӣ буданаш, ҳам аз лиҳози ҳуқуқӣ ва ҳам тавассути пажуҳишҳои илмӣ исбот шудааст. Даҳҳо матлаби журналистӣ ва пажуҳишҳои илмӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳамон Аврупову Амрико бо англисиву олмониву арабӣ нашр шудаву пайвандии ин ташкилотро бо гуруҳҳои байналмилалии террористӣ собит кардаанд. Даҳҳо далели раднопазир оварда шудааст, ки ТТЭ ҲНИ ҳамчун яке аз зерсохторҳои фаъоли ДИИШ ва “Ал-қоида” солиёни зиёд ба қатлу тахрибкориву даҳшатафканӣ машғул аст, балки ин ташкилот акнун як хатари байналмилалист.

Аммо вақтҳои охир бештар шудани ҳолатҳои дастгиршавии “террористони тоҷикистонӣ” дар Аврупо ба ин марбут будааст, ки баъди худро дар Олмон ҷобаҷо кардани роҳбари фирории ҲНИ ё “Бағдодии тоҷикистонӣ”, фаъолиятҳои зиддидавлативу зиддибашарии ин ташкилот авҷ гирифтааст. Акнун дар Олмон аз ин бонги изтироб бардоштаанд, ки бо расидани “қадами номубораки Маҳмуд” ба ин кишвар хатари теракту даҳшатафканӣ дар ҳар қадам таҳдид мекунад. Гуфтугуҳое ҳам буданд, ки Олмон акнун баҳои оғушкушоӣ ба террористонро мепардозад. Ба ин хотир, барои мансабдорони аврупоӣ, ки ба пешвози терроризм – қабул ва паноҳгоҳ додан ба аъзову роҳбарони ТТЭ ҲНИ, оғуш кушоданд, бояд шармовар бошад, ки ҳушдори мақомоти Тоҷикистонро дар бораи ин хатар нодида гирифтанд.

Аслан, террористу терроризм мансуб ба як маҳалл ё минтақаи хос нестанд. Масалан, аз Тоҷикистон фирор кардаву дар Аврупо фаъолияти террористӣ пеш мебарад, мисле ки дар Афғонистон зархаридҳои африқоиву арабӣ дастгир мешаванду дар Зеландияи нав норвегие ба масҷидҳо ҳамла мекунад. Аммо ин ки бо айби ТТЭ ҲНИ дар баробари терроризм аз Тоҷикистон ном гирифта мешавад, дар мисоли ахборе, ки болотар гуфта шуд, барои давлат ва миллати сулҳдӯсту сулҳпарвари тоҷик дардовар аст. Зеро то ин замон тоҷикон ҳамеша мардуми башардӯст, соҳибтамаддун ва муҳтарам муаррифӣ мешуданд, сулҳи мо ҳамчун намунаи ибрат мисол оварда мешуд. Бо расидани қадами шуми наҳзат ба Аврупо на танҳо “террористи тоҷикистонӣ” дар он ҷо зиёд шудааст, балки оғӯши гарми аврупоӣ боиси авҷи таҳдидҳои террористӣ-наҳзатӣ ба Тоҷикистон гардидааст, ки ҷойи нигаронӣ дорад.


P.S. Замоне ки ин матлаб омода мешуд, хабар расид, ки мақомоти Полша се шаҳрванди Тоҷикистонро истирдод кардаанд.

Тибқи маълумоти тафтишот, онҳо бо созмони террористии “Давлати исломӣ” иртибот доштанд ва шаҳрвандони Полшаву Украинаро барои ҳамлаҳои террористӣ дар Полша ҷалб мекарданд.


Довуд Исматӣ

хабарнигор


Комментарии для сайта Cackle