Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ҷаҳон

RSS
Тоқаев: “Ҳар касе таслим нашавад, нобуд карда мешавад”
Тоқаев: “Ҳар касе таслим нашавад, нобуд карда мешавад”
07.01.2022 13:10

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар муроҷиати чанд лаҳза қабли худ айнан ҳамин гуна ваъда дод ва гуфт, музокирот бо ҷинояткорон ва қотилон имконнопазир аст. Вай ба маъмурони амниятӣ амр дод, ки бидуни огоҳӣ ба сӯи “ҷинояткорон” оташ кушоянд. “Ман ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва артиш фармон додам, ки бидуни огоҳӣ оташ кушоданд. Аз хориҷа даъват карда мешавад, ки барои бо роҳи осоишта ҳал намудани мушкил гуфтушунид гузаронда шавад. Сафсата! Бо ҷинояткорон, бо қотилон чӣ гуна гуфтушунид метавонад бошад?, - гуфт Тоқаев дар паёми худ, ки чанд лаҳза қабл тавассути телевизионҳои Қазоқистон пахш шуд. Президенти Қазоқистон гуфт, ба пулис ва низомиён зарур омад, бо “бандит&...

Тафсилоти амалиёти зиддитеррористӣ дар Қазоқистон: нишонзанҳои касбӣ дар байни эътирозгарон
Тафсилоти амалиёти зиддитеррористӣ дар Қазоқистон: нишонзанҳои касбӣ дар байни эътирозгарон
07.01.2022 11:07

Эътирозгарон дар Алмаато дар сатҳи касбӣ амал карданд, дар байни онҳо гурӯҳҳои муташаккил, аз ҷумла снайперҳо низ буданд, гуфт муовини аввали раиси дастгоҳи президенти Қазоқистон Даурен Абаев дар шабакаи телевизионии “Хабар 24”. Суханронии ӯ дар YouTube пахш шуд. “Аз ҷониби террористон снайперҳо бо туфангҳои махсус амал карданд”, - гуфт Абаев ва ба сатҳи баланди омодагии иштирокчиёни ҳамлаҳо ишора кард. Абаев афзуд, тазоҳуроти ибтидоии сулҳомезро тадриҷан “бандитҳо ва террористҳо”-и мусаллаҳ бо калтакҳо ва “коктейлҳои Молотов” ба роҳбарӣ гирифтанд. “Бандитҳо ба ғоратгарӣ машғул шуданд ва гурӯҳи дуюми муташаккили ҷангҷӯён-террористон...

Қазоқистон: 216 сарбози Гвардияи миллӣ ҷароҳат бардоштаанд
Қазоқистон: 216 сарбози Гвардияи миллӣ ҷароҳат бардоштаанд
07.01.2022 10:43

Дар ҷараёни ошӯбҳо дар Қазоқистон 216 сарбози Гвардияи миллӣ ҷароҳат бардошта, ҳамаи онҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд, хабар дод маркази матбуоти ин ниҳод. “Ба ҳолати имрӯза ҳамаи онҳо бо ҷароҳатҳои гуногун, аз ҷумла, захми тир, ҷароҳатҳои кушодаи сар, шикастани устухонҳо ва ҷароҳатҳои дигар дар бемористонҳои шаҳр қарор доранд”, - омадааст дар иттилоия. Гуфта мешавад, хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар, ки дар онҷо ошӯбҳо рух доданд, ҷалб кар...

Тоқаев аз оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Қазоқистон хабар дод
Тоқаев аз оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Қазоқистон хабар дод
07.01.2022 10:28

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ҷаласаи ситоди мубориза бо терроризмро баргузор карда, аз оғози амалиёти махсуси зиддитеррористӣ хабар дод: “Террористон аз силоҳ истифода мекунанд ва ба моликияти шаҳрвандон зарар мерасонанд. Аз ин рӯ, амалиёти зиддитеррористӣ бояд то пурра аз байн бурдани ҷангҷӯён идома ёбад”, - гуфт ӯ, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон. Тоқаев гуфтааст, дар тамоми минтақаҳои кишвар тартибот барқарор шуд. Вазъиятро мақомоти маҳаллӣ таҳти назорат доранд. Тамоми биноҳои ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, шӯъбаҳои пулис дар кишвар таҳти назорат гирифта шудаанд. Қаблан аз истифодаи мошинҳои зиреҳпӯш ба зидди дастаҳои ...

То ҳабси абад бо маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ: оғози парвандаи ҷиноятӣ ба зидди эътирозгарон дар Қазоқистон
То ҳабси абад бо маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ: оғози парвандаи ҷиноятӣ ба зидди эътирозгарон дар Қазоқистон
07.01.2022 01:25

Прокуратураи генералии Қазоқистон дар робита ба намоишҳои эътирозии рӯзҳои охир парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Ба маълумоти мақомоти прокуратура, ба ошӯбгарон аз ҳашт соли зиндон то ҳабси абад бо маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ таҳдид мекунад, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон: “Айни замон ҷамъоварӣ ва сабти осори ҷиноятҳо идома дорад”, - гуфтаанд дар ниҳод. Дар робита ба ин Прокуратураи генералии Қазоқистон аз сокинони ҷумҳурӣ хостааст, ки дар телефонҳои мобилиашон сабти қонуншиканиҳоро нигоҳ доранд. Қаблан Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфта буд, эътирозгароне, ки аз гузоштани силоҳ худдорӣ мекунанд, безарар карда х...

Зас гуфт, ки нерӯҳои посдори сулҳи СААД дар Қазоқистон чӣ кор мекунанд
Зас гуфт, ки нерӯҳои посдори сулҳи СААД дар Қазоқистон чӣ кор мекунанд
07.01.2022 01:11

Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас ба хабаргузории РИА Новости гуфт, нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи ин созмон дар Қазоқистон иншооти стратегии давлатиро посбонӣ намуда ва ба таъмини тартибот мусоидат мекунанд: “Агар дар бораи вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда сухан ронем, пас онҳоро шартан ба ду вазифаи асосӣ тақсим кардан мумкин аст. Якум, ин ҳифзи иншооти муҳимтарини давлатӣ, стратегӣ мебошад. Вазифаи дуюм кӯмак ҳифзи қонун ва тартибот аст, то одамон худро бехатар ҳис кунанд”, - гуфт Зас. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи раиси Кумитаи Думаи Русия оид ба ИДМ, нерӯҳои посдори сулҳи СААД то замоне дар Қазоқистон боқӣ мемонанд, ки мақомоти ин кишвар дархости хуруҷи онҳоро накунанд.

Ҳамаи ташкилотҳои молиявии Қазоқистон фаъолияти худро қатъ кардаанд
Ҳамаи ташкилотҳои молиявии Қазоқистон фаъолияти худро қатъ кардаанд
06.01.2022 09:53

Ҳамаи ташкилотҳои молиявии Қазоқистон пас аз оғози амалиёти зиддитеррористӣ ва қатъи интернет фаъолияти худро мутаваққиф карданд, хабар дод шабакаи телевизионии “Хабар 24” бо истинод ба котиби матбуотии Бонки миллӣ Олжас Рамазонов. “Агентии танзим ва рушди бозори молиявӣ ва Бонки миллии Қазоқистон бо дарназардошти гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо дарназардошти халалдоршавии муваққатӣ дар Интернет, инчунин ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти кормандони ташкилотҳои молиявӣ ва истеъмолкунандагони хадамоти молиявӣ, дар бораи боздоштани муваққатии фаъолияти тамоми ташкилотҳои молиявӣ хабар медиҳанд”, - гуфт вай. Ҳамин тавр, ба гуфтаи Рамазонов, дар Қазоқистон тамоми бонкҳ...

СААД ба Қазоқистон неруҳои посдори сулҳ мефиристад
СААД ба Қазоқистон неруҳои посдори сулҳ мефиристад
06.01.2022 09:39

Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) эълон кард, ки барои ба эътидол овардани вазъ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар Қазоқистон як воҳиди неруҳои посдори сулҳро ба ин сафарбар мекунад. “Дар робита ба муроҷиати президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва бо дарназардошти таҳдид ба амнияти миллӣ ва соҳибистиқлолии Қазоқистон, ки аз ҷумла бо сабаби дахолат аз хориҷ ба миён омад, Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД мутобиқи моддаи 4-и Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ тасмим гирифт, ки барои ба эътидол овардани вазъият ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар Қазоқистон ба ин кишвар як воҳиди неруҳои посдори сулҳ сафарбар мекунад”, - изҳор дошт раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, сарвази...

Ҳаводиси ёдмондаи ҷаҳон дар соли 2021
Ҳаводиси ёдмондаи ҷаҳон дар соли 2021
31.12.2021 08:38

Аз исёни Трампу штурми Капитолий то “Архиви Пандора” ва штамми “Омикрон”

Чоршанбиев аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе дастгир шуд
Чоршанбиев аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе дастгир шуд
30.12.2021 18:27

30 декабри соли 2021 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбиев Чоршанбе Авазхонович, соли таваллудаш 1995, зодаи шаҳри Хоруғ, муваққатан дар Федератсияи Россия ғайриқонунӣ иқомат дошт, бо қарори Суди ноҳияи Останкинои шаҳри Москва барои қонуншиканиҳои маъмурӣ ва дағалона вайрон намудани қоидаҳои будубош, зери хатар мондани ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ба маблағи калон ҷаримабандӣ гардида, аз ҳудуди Федератсияи Россия хориҷ карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” сухангӯи Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки нисбати Чоршанбиев Ч.А. моҳи майи соли 2014 аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумx...