Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Тоҷикистон

RSS
Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим-Жомарт Тоқаев
06.01.2022 14:24

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ бо Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев аз талошҳои роҳбарияти он кишвар ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ ҷонибдорӣ кардаанд. Бино ба хабари Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, ин суҳбати телефонӣ рӯзи 6 январ сурат гирифта, дар ҷараёни он Сарвари Қазоқистон ба ҳамтои тоҷики худ дар бораи вазъ дар кишвар ва тадбирҳои аз ҷониби раҳбарият барои ба эътидол овардани он андешидашуда маълумот дод: “Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои роҳбарияти Қазоқистон ҷонибдорӣ намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад ш...

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев вазъи Қазоқистонро баррасӣ карданд
06.01.2022 14:15

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6 январ бо Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом додаанд. Бино ба хабари Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон, роҳбарони давлатҳо рафти иҷрои тавофуқоти дар доираи дуҷониба ҳосилшударо баррасӣ карда, перомуни масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд: “Сарони ду кишвар вазъи кунуниро дар Ҷумҳурии Қазоқистон муҳокима намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки оромӣ ва тартибот ҳарчи зудтар барқарор хоҳанд шуд”, - омадааст дар хабар. Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳо, ки ба таъмини сулҳу амният ва субот дар минтақа равона шудааст, таъкид намудаанд.

Тоҷикистон барои иштирок дар василаҳои сулҳофарии СААД дар Қазоқистон омода аст
06.01.2022 14:08

Тоҷикистон омода аст, ки тибқи ӯҳдадориҳои ҳампаймонии худ дар василаҳои сулҳофарии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Қазоқистон иштирок намояд. Ин нуктаро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ, ки рӯзи 5 январ бо Сарвазири Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Никол Пашинян сурат гирифт, изҳор доштаанд. “Зимни суҳбат Никол Пашинян ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муроҷиати расмии узви Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Тоқаев дар бораи расонидани кумак аз ҷониби кишварҳои узви Созмон дар бартараф намудани таҳдиди бамиёномада маълумот ...

Изҳороти ВКХ: Тоҷикистон дар амалиёти сулҳофарӣ дар Қазоқистон иштирок мекунад
06.01.2022 12:22

Тоҷикистон бо нигаронӣ аз вазъ дар Қазоқистон эълон кард, ки дар амалиёти дастаҷамъонаи сулҳофарӣ барои расонидани кумак ба он кишвар ҷиҳати рафъи хатари бамиёномада ширкат мекунад. Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин робита имрӯз, 6 январ, нашр шуд. Вазорат аз ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба мардуми осоишта ва намояндагони қувваҳои ҳифзи ҳуқуқ, ғасби мақомоти давлатӣ ва ғоратгарӣ изҳори таассуф намуда, аз пайдо шудани гурӯҳҳои яроқноки ғайриқонунӣ, ки соҳиби аслиҳаи марговар ва техникаи махсус гаштаанд, нигаронии амиқ кардааст.  Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ...

Фармони Президент: солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон шуд
06.01.2022 10:57

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи эълони панҷсолаи рушди саноат дар Тоҷикистонро имзо карданд. Дар фармони Президент, ки имрӯз, 6 январ, тасвиб шуд, гуфта шудааст, “солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон карда шаванд”. Ҳамчунин, ба Ҳукумати Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки “дар муҳлати шаш моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд”. Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21 декабр, зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат “бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар” солҳои 2022–2026, яъне то x...

Рустами Эмомалӣ дархост кард, ки фаъолияти молиявии шаҳрдории Душанбе санҷида шавад
06.01.2022 07:42

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дархост намудааст, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти шаҳрдорӣ дар соли 2021 санҷида шавад. Ба иттилоъи дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, дархост “бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе” фиристода шудааст.

30 соли муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд
05.01.2022 13:55

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ рӯзи 2 январ бо Раиси Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати корҳои хориҷаи он кишвар Муҳаммадҳасан Шайхулисломӣ мулоқот кардааст: “Зимни мулоқот ҳамкории ниҳодҳои тадқиқоти стратегии ду кишвар, ҳамчунин баргузории чорабиниҳои муштарак бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - хабар дод Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ Тоҷикистон. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо табодули назар сурат гирифтааст.  Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Эрон 9 январи соли 1992 барқ...

30 соли робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Чин: рушди босуръат ва сатҳи баланди шарикии стратегӣ
04.01.2022 11:13

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар барқияҳои табрикӣ мубодила кардаанд. Бино ба хабари Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин омадааст: “Муҳтарам ҷаноби Раис, Имрӯзҳо мо сиюмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро ҷашн мегирем. Дар иртибот ба ин санаи муҳим дар таърихи муосири муносибатҳои байни кишварҳоямон бо камоли хушнудӣ ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Чин табрикот ва беҳтарин таманниёти ин ҷонибро ирсол медорам. ...

Президентҳои Тоҷикистону Русия ҳамдигарро ба Соли нав шодбош гуфтанд
04.01.2022 09:45

Президентҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин зимни як суҳбати телефонӣ ҳамдигарро бо Соли нав табрик кардаанд: “Зимни суҳбат баррасии баъзе масъалаҳои дар ҳошияи тавофуқоти 27 декабри соли 2021 дар шаҳри Санкт-Петербург дар сатҳи олӣ бадастомада идома ёфт”, -хабар дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат. Мусоҳибон азми худро ҷиҳати ғанӣ гардонидани муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия бо мундариҷаи босифат ва иловагӣ тасдиқ намудаанд. Ёдрас мекунем, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин рӯзи 27 декабр, дар арафаи Соли нави мелодӣ, дар ҳошияи вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ дар Санкт-Петербург мулоқот карда буданд.

РӮЙДОДИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ - Тоҷикистону Чин 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатиро ҳамин тавр номиданд
03.01.2022 15:58

Имрӯз, 3 январ, дар остонаи 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Чин, ки як рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ мешавад, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи махсуси Шӯрои давлатии Чин оид ба масъалаҳои АвруОсиё Ли Хуэйро ба ҳузур пазируфтааст. Чин яке аз аввалин кишварҳо буд, ки 4 январи 1992 истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро эътироф кард: “Ин имкон дод, то дар муддати кӯтоҳтарин муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун барқарор карда шаванд”, - гуфта шудааст дар ин мулоқот. Мусоҳибон гуфтанд, “дар давоми се даҳсола муносибат...

Эмомалӣ Раҳмон: Соли 2022 кишвари мо ба марҳалаи нави рушд ворид мегардад
31.12.2021 08:52

Паёми шодбошии Президенти Тоҷикистон ба муносибати Соли нави мелодӣ Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2022 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо тандурустӣ, иқболи нек ва рӯзгори обод орзу менамоям. Соли 2021, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони азизи мо соли воқеан таърихӣ гардид. Дар соли 2021 истиқлолияти давлатии тоҷикон, яъне давлати миллии мо сисола шуд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ин санаи муқаддасу бузургро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд. Аз ин лиҳоз, соли 2021 дар таърихи давлатдории навини миллии тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Вобаста ба ин, мехоҳам бо қадрдониву ифтихор хотирнишо...

БМТ: Рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тақозои замон аст
31.12.2021 08:11

27 декабр дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” бо роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода ва иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои давлатие, ки хизматрасониҳои пулакиро ба аҳолӣ пешниҳод менамоянд, доир гардид. Моҳбону Накҳатзода бо ёдоварӣ аз Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ иброз дошт, ки Сарвари давлат зимни таҳлили фаъолияти низоми бонкии кишвар, бори дигар зарурати гузариши пур...

Ҳушдори КҲФ аз ҳавои сард дар Тоҷикистон
30.12.2021 15:00

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шабонарӯзи наздик дар қисмати бештари ноҳияҳои кӯҳӣ ҳавои сард дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо то ба 10-15 дараҷа сард мешавад: дар баъзе минтақаҳо ин сардӣ то ба 17-22 дараҷа, дар шарқи ВМКБ 25-30 (дар Булункӯл то 48-50) мерасад, иттилоъ маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон. Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот, ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳад: ҳангоми гарм кардани манзил қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя кунед, бо истифодаи асбоб&...

Дар БМТ муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
30.12.2021 08:26

Намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллии Тоҷикистон зимни як ҳамоиш Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро муҳокима кардаанд. Муовини раиси БМТ Фирдавс Толибзода ҳадафи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро пешгирӣ намудан аз амалҳои коррупсионӣ ва ҳолатҳои суиистифода аз вазифа, роҳ надодан ба қабули қарорҳои хусусияти коррупсионидошта ва амалҳои ба ин монанд муаррифӣ карда, иброз дошт, ки тибқи банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №222 аз 3 августи соли 2021 ва банди 1 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 19 ...

Охирин маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон дар сол 2021
30.12.2021 07:12

29 декабр таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон охирин маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2021 баргузор гардид. Бино ба гузориши Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, дар кори маҷлис Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022, оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ва Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022” шахсони масъул ҳ...

Эмомалӣ Раҳмон аз нав Президенти КМО Тоҷикистон интихоб шуданд
29.12.2021 15:05

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маротибаи чорум Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд. Номзадии Президент аз ҷониби 15 ташкилоти узви КМО Тоҷикистон пешбарӣ гардида, якдилона ҷонибдорӣ ёфтааст. Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 21-ум Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 28 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст. Ҳамчунин, Абдулло Раҳмонзода (муовини аввали раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон) ва Дилшод Назаров (раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон) ноибони Президенти КМО Тоҷикистон, Муҳаммадшо Абдуллозода (котиби генералии Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиш) котиби генералӣ, Екатерина Измайлова (узви Комиссияи варзишгарони КМО Тоҷикистон), Шоҳида Қаландарова (узви Федератсияи ҷудои Тоҷикистон), Абдулло Маҳамадализода (котиби генералии Федератсияи...

Путин: “Тоҷикистон яке аз шарикони содиқ ва боэътимоди мост”
29.12.2021 07:58

“Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар соли ҷорӣ гардиши мол ба беш аз миллиард доллар афзоиш ёфт, ки нисбат ба соли гузашта 25 фоиз зиёд аст”, - гуфтаанд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Президенти Русия Владимир Путин. Дар ин суҳбат, ки 27 декабр дар Санкт-Петербург дар ҳошияи вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид, Сарвари давлат афзудаанд, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ низ афзуда, Тоҷикистону Русия дар соҳаи амният ҳамкории зич доранд. Бино ба гузориши Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар ҷараёни вохурӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар сатҳи шарикии стратегӣ ва дар чаҳорчуби ИДМ баррасӣ гардид. Президенти Тоҷикистон ин мулоқотро имкони х...

Туҳфаҳои раиси Исфара ба фарзандони оилаҳое, ки дар муноқишаи моҳи апрел ҳалок шуданд
28.12.2021 08:44

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба аёдати оилаҳои шаҳрвандоне рафт, ки дар ҷараёни муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи апрели имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳалок шуданд, ё ҷароҳат бардошта буданд. Сухангӯи раиси шаҳр Зубайдулло Шомадов хабар дод, ки Баҳоваддин Баҳодурзода дар ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва деҳаи Хоҷаи Аъло бо шароити зисту рӯзгори 20 оила аз наздик шинос шуда, зимни суҳбат ба волидони онҳо барои тарбияи фарзандони ҷасуру шуҷоъ изҳори миннатдорӣ кардааст: “Мавсуф зимни дидорбинию суҳбати самимона бо аҳли байти ҷавонмардони баору номуси миллат аз шуҷоату ҷонфидоӣ ва садоқатмандии бемисли онҳо ба Ватани аҷдодӣ ёдовар гашта, зимнан аз ваз...

Кумаки Рустами Эмомалӣ ба 11 ҳазор нафар ниёзмандон
28.12.2021 07:25

Дар рӯзҳои охири соли 2021 ва фарорасии Cоли нави мелодии 2022 аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба зиёда аз 11 ҳазор нафар кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, аз ин туҳфа ятимони кулл, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дардмандону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахти мамлакат баҳравар шуданд: “Дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат ин навбат низ чун анъана аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои охири соли 2021 ва фарорасии соли нави мелодии 2022 ба зиёда аз 11000 (ёздаx...