Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Мақолаҳо

Ҳиндустон Рӯзи миллии ҷавононро таҷлил мекунад
12.01.2022 08:13

Ба муносибати солгарди зодрӯзи Свами Вивекананда

Собирӣ: Ҳеч кишваре ба андозаи Эрон ба Тоҷикистон иртиботи наздику дилбастагӣ надорад
11.01.2022 16:44

Ба муносибати 30-мин солгарди барқарории робитаҳои дипломатии Эрон ва Тоҷикистон

Ҳаводиси ёдмондаи ҷаҳон дар соли 2021
31.12.2021 08:21

Хуруҷи Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо, эътирозҳо дар Русияву табаддулот дар Мянмар, Офатҳои табиии бесобиқа ва “Архиви Пандора”

Ҳаводиси ёдмондаи соли 2021 дар ҷаҳон-2
30.12.2021 07:34

Аз исёни Трампу COVID-19-и махфӣ то штамми “Омикрон”-у алифбои юнонӣ

Буҳрони мубориза бо терроризм ва суолҳо аз сарнавишти минтақа
29.12.2021 15:34

“…агар омадани ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон “дастовардҳои 20 соли охир”-ро аз байн бурда бошад, дар Тоҷикистон бологирии тафаккури ифротгароӣ дар ҷомеа метавонад дастовардҳои 100 соли охирро зери хатар гузорад”.   Абдуллоҳи Раҳнамо   Таҳаввулоте, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар Афғонистон рух дод, бо маҷмуаи пайомадҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, арзишӣ ва амниятии худ оғози шаклгирии вазъияти нави сиёсӣ ва геополитикӣ дар минтақа гашт. Рӯи кор омадани гурӯҳи ифротгарои “Толибон” танҳо ғалабаи як гурӯҳи сиёсӣ дар Афғонистон набуда, ҷобаҷоии як силсила манфиатҳо ва тағ...

Ҳаводиси ёдмондаи соли 2021 дар ҷаҳон
29.12.2021 15:17

Аз штурми Капитолий то штамми “Омикрон” ва хайрухуш бо Ангела Меркел

Паёми Президент – оинаи ҳаёти ҷомеа ва давлат
29.12.2021 14:34

Дар таҷрибаи давлатдории таърихи навтарини Тоҷикистон Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ Паёми солона – ҳисоботи Сарвари давлат ба тамоми мардуми кишвар ба воситаи Парлумон буда, ин падида дар таҷрибаи муосири давлатдории ҷаҳонӣ ифодакунандаи принсипҳои муҳими давлати соҳибистиқлол, демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Аз як тараф Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро муайян намуда, аз тарафи дигар дурнамои рушди ояндаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро дар асоси таҳлил ва баҳогузорӣ маълум месозад. Паёми солонаи Асосгузор...

Ваҳдати мо мушти мустаҳками мост
28.12.2021 07:58

Набояд аз мушкилоти ҷузъӣ фоҷиаи умумимиллӣ ба вуҷуд орем

Самари ширини нахли ноаён
28.12.2021 07:30

28 декабр - Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ

Терроризму радикализм зодаи кист?
24.12.2021 09:14

Аз тавсеаи терроризму радикализм кӣ манфиатовар асту ба зидди кӣ равона шудааст?

Шаби Ялдо - шаби ишқу тарона
21.12.2021 12:15

Шаби 21 бар 22 декабр дарозтарин ва тӯлонитарин шаби сол маҳсуб меёбад ва мутаносибан ҳамни рӯз, яъне 22 декабр, кӯтоҳтарин рӯз аст! Ин шабро “Шаби ялдо” мегӯянд, ки дар забони суриёнии қадим ин вожа маънои таваллуд яъне зоидашудан ва ба дунё омаданро дорад. Яъне, ин шаб шаби мавлуди хуршед (меҳр) аст… Шаби ялдо, ки садсолаҳост дар адабиёти классикии форсу тоҷик васфи онро кардаанд, мардуми фарҳангсолору тамаддунофарини иронӣ дар тӯли қарнҳо дар мавриди сифоти ин санами дилрабо дури маънӣ суфтаанд, ва ашъору асрор гуфтаанд, чӣ шабе ҳаст? Чӣ ҳикматҳову чӣ хосиятҳо дорад, ки ҳамвора зикри он вирди забонҳо буда ва аз гузашти айёму аз ҳаводиси табиату таҳаввулоти ҷамъият осебе напазируфта!?? Шаби ялдо шаби ишқу шаби шӯру тарона, ...

Акси садои мавқеи Пешвои миллат оид ба қазияи Афғонистон
21.12.2021 07:24

Дар ҷаҳони муосир масъалаи хушунат, иртиҷоъ ва ифрот яке мушкилоти асосӣ маҳсуб гардида, ба амнияти кишварҳои миллӣ таҳдид менамояд. Ин масъала дар қаринаи хуруҷи бемории сироятиии COVID-19 ва ба сари қудрат омадани ҳаракати радикалии “Толибон” дар Афғонистон мубрамияти хосса касб намуда, ҷомеаи ҷаҳон, бахусус кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар рӯёрӯи хатарҳои муосир қарор гирифтанд. Таври маълум, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали ғасби ҳокимият дар Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи иртиҷоии “Толибон” мавқеи қатъиро ишғол намуда, эълом доштанд, ки “Ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон”, ки дар феҳристи гурӯҳx...