Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ба иғвою фитна дода нашавед!


30.04.2021 08:04

Количество просмотров: 45

Дар робита ба даргириҳои рӯзи гузашта дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғд Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба ҳамватанонамон муроҷиат намуда, онҳоро ба сабру тоқат ва дода нашудан ба ҳар гуна иғвою дасисаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ даъват намудааст.

Дар муроҷиатнома, аз ҷумла чунин омадааст:

“Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу субот дар минтақа буд ва мемонад. Даргириҳои мусаллаҳонаи рӯзи гузашта дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳарду ҷонибро ба ташвиш андохтааст. Бо талоши муштараки роҳбарони идораҳои марбута ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки амалиёти ҳарбиро дар минтақаҳои наздисарҳадии Суғд ва Бодканд қатъ карда, неруҳо ва техникаи низомиро аз минтақаҳои наздимарзӣ ба макони ҷойгиршавии доимии худ баргардонанд. Инчунин раванди гуфтушунидро бо мақсади ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои марзӣ идома диҳанд.

Дар айни замон гурӯҳи кории муштарак даст ба кор шуда, умед аст, ки сулҳу дӯстӣ ғалаба кунад. Ҷониби Тоҷикистон низоми оташбасро риоя мекунад ва айни ҳол дар марз оромист. Дар тамоми ҳудуди шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Fафуров оташбас риоя шуда истодааст.

Аммо, мутаассифона, бархе сомонаҳои кишвари ҳамсоя ҳодисаҳои рӯзи гузаштаро асос намуда, ба иғвою дасиса роҳ дода истодаанд.

Бинобар ин, даъват мекунем, ки пеши роҳи ҳама гуна иғвову фитнаангезӣ, ки тавассути бархе расонаҳои хабарии ҳамсоягон роҳандозӣ шудааст, гирифта шавад.

Иттилоъ дар ин бора бояд аз манбаъҳои муътамад гирифта шуда, истифода гардад, на аз овозаҳои беасос”.