Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Хуруҷи неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон


29.04.2021 10:35

Количество просмотров: 202

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен истисно намекунад, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон метавонад дубора дар ин кишвар ҷанги шаҳрвандӣ сар занад:

“Ин, албатта, сенарияи имконпазир аст, аммо касе намехоҳад, ки дар ин кишвар дубора ҷанги нави шаҳрвандӣ сар шавад. Мардуми Афғонистон инро намехоҳанд, бовар дорам, ки ҳукумати Афғонистон ва Толибон низ инро намехоҳанд. Ба ғайр аз ин, ҳамсояҳо низ инро намехоҳанд”, - гуфт Блинкен ба шабакаи CNN.

Ба гуфтаи ӯ, хуруҷи неруҳои Амрико аз Афғонистон маънои қатъ кардани муносибатҳо бо ин кишварро надорад, баръакс, Вашингтон бо Кобул ҳамкориҳои амиқтарро ба роҳ мемонад.

Блинкен афзудааст, акнун кишварҳои минтақа бояд тасмим гиранд, ки оё онҳо нуфузи худро барои барқарории субот дар Афғонистон чӣ гуна истифода хоҳанд кард:

“Мо аз Афғонистон даст намекашем. Мо мисли пештара ба дипломатия, дастгирии ҳукумат ва мардуми Афғонистон, рушд, кӯмаки иқтисодӣ, кӯмаки башардӯстона ва дастгирии нерӯҳои амниятӣ амиқан иштирок мекунем”, - гуфт котиби давлатӣ.

Дар ҳамин ҳол, фиристодаи махсуси ИМА дар Афғонистон Залмай Халилзод гуфт, пас аз хуруҷи нерӯҳо дар Афғонистон истиқрори сулҳро имконпазир мешуморад.

Вай афзуд, агар Толибон тасмим бигиранд, ки қудратро бо роҳи низомӣ ба даст оранд, ба инзиво ва мухолифати байналмилалӣ дучор хоҳанд шуд.

“Ман бовар надорам, ки ҳукумат суқут кунад, ё Толибон қудратро ба даст гиранд”, - гуфт дипломат дар Кумитаи равобити хориҷии сенати ИМА.

“Сулҳ дар Афғонистон ҳанӯз ҳам имконпазир аст”, - таъкид кард ӯ.

Ҳамзамон вай идомаи ҳузури низомиёни амрикоиро дар Афғонистон бемантиқ шуморид, зеро ба гуфтаи ӯ, муборизаи доимӣ ихтилофи мавҷударо ҳал карда наметавонад.

Ба гуфтаи дипломат, афғонҳо ду интихоб доранд - ҳалли сиёсӣ тавассути музокирот ё ҷанги тӯлонӣ, натиҷаи ин раванд танҳо аз онҳо вобаста хоҳад буд.

Халилзод афзуд, тавофуқе, ки соли гузашта бо Толибон ҳосил шуда буд, на танҳо хуруҷи неруҳои, балки хуруҷи зархаридонро низ пешбинӣ мекунад.