Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

408 ҷангҷӯи хориҷии “ДИ” дар зиндонҳои Афғонистон


29.04.2021 08:21

Количество просмотров: 45

Дар зиндонҳои Афғонистон 408 ҷангҷӯи “Давлати исломӣ” мавҷуданд, ки аз кишварҳои дигар омадаанд, хабар дод сардори Раёсати амнияти миллии Афғонистон Аҳмад Зиё Сараҷ.

Ба гуфтаи ӯ, аксарияти онҳо шаҳрвандони Покистон мебошанд (299 нафар). Fайр аз ин, дар байни ҷангҷӯёни боздоштшудаи ДИ шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Эрон, Туркия, Урдун, Индонезия, Ҳиндустон, Алҷазоир, Бангладеш ва Малдив низ будаанд.

Аҳмад Зиё Сараҷ гуфт, мақомоти Афғонистон бо дигар кишварҳо музокиротро дар бораи сарнавишти афроди боздоштшуда оғоз кардааст.

Сараж гуфт, ки иштироки афроди боздоштшуда ба ҷиноятҳои мухталиф дар кишвар ва хориҷ аз он муқаррар шудааст.

Ҳамчунин, ба маълумоти ӯ, дар зиндонҳои Афғонистон боз 309 ҷангҷӯи хориҷии ба гурӯҳҳои дигари террористӣ иртиботдошта мавҷуданд.

Сараҷ ёдовар шуд, ки соли гузашта нерӯҳои амниятии Афғонистон роҳбари ячейкаи “Хуросон” -и “Давлати исломӣ” Аслам Фарукиро боздошт карданд. Ба гуфтаи ӯ, Кобул омодааст ин ҷангҷӯи баландмақомро ба Исломобод ба ивази як ё ду пешвои Толибон супорад.

Ба гуфтаи ӯ, ҷанги кунунӣ дар Афғонистон ҷанги минтақаӣ ва ҷаҳонӣ аст, аз ин рӯ, “масъулияти комилро ба дӯши нерӯҳои амниятии афғон вогузор кардан дуруст нест”.