Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Президенти Чад дар фронт кушта шуд


21.04.2021 11:26

Количество просмотров: 207

Президенти Чад Идрис Дебӣ аз ҷароҳатҳое, ки дар ҷараёни задухӯрд бо шӯришиён дар шимоли кишвар бардошт, фавтид, хабар дод намояндаи артиши ин кишвар.

Тибқи гузоришҳо, Дебӣ аз ҷониби шӯришиён дар Канем маҷрӯҳ шудааст.

Вай баъд аз як рӯзи эълони натиҷаҳои пешакии интихоботи президентӣ, ки Дебӣ маротибаи шашум ғолиб омад, кушта шуд. Дар робита ба фавти президент ҳукумат ва парлумони Чад пароканда карда шуданд. Дар кишвар соати комендантӣ ҷорӣ гардида, марзҳо бастаанд.

Дебии 68-сола 30 сол боз дар сари қудрат буд, ки яке аз ҳукмрониҳои тӯлонитарин дар байни пешвоёни Африқо ва ҷаҳон аст.

Дебӣ “соҳибихтиёрии кишварро ҳифз карда, нафаси охирини худро дар майдони ҷанг кашид”, гуфт як генерали артиши Чад рӯзи сешанбе.

Президент сафари охирини худро ба фронт чандсад километр шимолтари пойтахт Нҷамена дар охири ҳафта анҷом дод. Вай ба неруҳои артиши Чад, ки ба муқобили ҳаракати FACT муқобилат мекунанд, ташриф овард.

Ҳамакнун якуним соли оянда кишварро шӯрои низомӣ таҳти сарварии писари президенти фавтида, генерали 37-сола Маҳамат Идрис Деби Итно идора хоҳад кард. Артиш ваъда дод, ки дар поёни давраи гузариш “интихоботи демократии озод” -ро баргузор мекунад.

Пеш аз интихоботи охирин, ки 11 апрел баргузор шуд, Дебии пирӯзомада ваъда дод, ки ба минтақа сулҳу субот меорад.

Деби ҳам дар Чад ва ҳам дар минтақа як шахсияти муҳим дониста мешуд. Таҳти роҳбарии ӯ артиши кишвар ба Нигерияи ҳамсоя дар мубориза бо гурӯҳи террористии “Боко Ҳаром” кӯмак кард. Fайр аз ин, Чад ба рӯйдодҳои қаламрави ҳамсояи ҷанубии худ Ҷумҳурии Африқои Марказӣ таъсири ҷиддӣ дорад.

Гурӯҳи шӯришиёни FACT аз ҷониби афсарони собиқи артиш таъсис дода шуда, Дебиро ба таъқибот айбдор мекунад. Пойгоҳи шӯришиён дар баландкӯҳҳои Тибести дар шимоли кишвар, дар наздикии марз бо Либия ҷойгир аст.

Охирин даргириҳо миёни шӯришиён ва артиш рӯзи шанбе оғоз ёфт. Дар рӯзи интихобот бошад, ҷангиёни ин гуруҳ ба посгоҳи марзӣ ва пас аз он ба самти ҷануб ба сӯи пойтахт ҳамла карданд.

Ба гуфтаи Эндрю Хардинг, хабарнигори Би-би-си дар Африқо, Идрис Дебӣ ҳамчун як президенти ҷангӣ шинохта шуда буд, ки падидаи нодир аст:

“Вай комилан баръакси онҳое буд, ки “генералҳои паркетӣ” меноманд: дипломи лётчик дошт ва замоне дар ҷангҳо аз ҷониби шӯришиён фаъолона иштирок кардааст.

Зиёда аз 30 сол аст, ки ӯ дар Чад, як кишвари азиме, ки қисман дар партовгоҳи Саҳрои Кабир ҷойгир аст ва бо давлатҳое ҳамсарҳад аст, ки дар он ҷо муноқишаҳои тӯлонитарин дар минтақа идома доранд, роҳбар буд.

Дебӣ ба ҳамаи ин ҷангҳо, аз Дорфур то Либия, Мали, Нигерия ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ҷалб шуда буд”, - навиштааст хабарнигор.

Гуфта мешавад, марги Дебӣ нигарониҳои ҷиддиро ба вуҷуд овардааст. Солҳои зиёд ӯ як шарики муҳим ва ивазнашавандаи Fарб дар ҷанг алайҳи ҷангиёни исломгаро дар кишварҳое чун Мали, Нигер ва ғайра буд. Ҳамакнун марги ӯ як холигиро ба вуҷуд оварда, ҳоло бисёриҳо онро пур кардан мехоҳанд.