Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Дабири кулли СММ: Ҷаҳон “дар канори варта” қарор дорад


21.04.2021 10:20

Количество просмотров: 37

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш дар мусоҳиба бо Reuters гуфтааст, ки ҷаҳон дар канори варта қарор дорад.

Ба гуфтаи ӯ, Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO) гузоришеро пешниҳод кард, ки тибқи он соли 2020 яке аз се соли гармтарин дар тамоми давраи мушоҳида дар робита ба сӯхторҳо, хушксолӣ, обхезӣ ва обшавии пиряхҳо маҳсуб мешавад.

Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO), ин “зарбаи дуҷониба” барои миллионҳо одамонест, ки аз ҳаводиси шадиди иқлим зарар дидаанд.

“Мо дар канори варта ҳастем... Мо сатҳи рекордии тӯфонҳои тропикӣ, обшавии пиряхҳо аз сабаби хушксолӣ ва сӯхтори ҷангалҳоро мушоҳида мекунем. Ба марҳилаи хатарноки 1,5 дараҷа, ки аз ҷониби ҷомеаи илмӣ муайян шудааст, наздик мешавем”, - гуфт Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш.

Барои мисол, дар Иёлоти Муттаҳида ҳам сӯхторҳои бузургтарин дар таърих ва ҳам шумораи аз ҳама бештари тӯфонҳо сабт шудааст. Танҳо тӯфони Лаура, ки ба Луизиана зарба зад, 19 миллиард доллар хисорот овардааст.

Дар гузориш гуфта шудааст, ки моҳи август дар Водии марг дар Калифорния баландтарин ҳарорат дар ҷаҳон дар 80 соли охир - 54,4 дараҷа ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи мушоҳидаҳои Созмони ҷаҳонии метеорологӣ, ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ дар соли 2020 нисбат ба давраи пеш аз индустриалӣ тақрибан 1,2 дараҷа баландтар буд. Ин ҳолат соли гузаштаро, сарфи назар аз хунуккунӣ дар шароити Ла Ниня (падидаи иқлимии марбут ба пастрафти ҳарорати об дар қисми экватории Уқёнуси Ором), ҳамроҳ бо солҳои 2016 ва 2019 ба сегонаи гармтарин шомил намуд. Дар байни нишондиҳандаҳои қайдшуда сатҳи пасти яхи баҳр дар Арктика дар давоми ду моҳи соли 2020 оварда шудааст. Дар соли гузашта тақрибан 80 фоизи уқёнусҳо, ҳадди ақал, як мавҷи гармии баҳрро аз сар гузаронидаанд.

Гутерриш роҳбарони ҷаҳонро даъват кард, ки бо ин санад ошно шаванд ва гуфт, соли 2021 бояд дар таърихи инсоният барои пешгирии тағйирёбии бебозгашти иқлим як соли муҳим бошад.