Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Истифодаи наздик ба 905 миллион воя ваксина дар ҷаҳон


21.04.2021 09:14

Количество просмотров: 41

Бо мақсади ташаккули иммунитети устувор ба навъи нави сирояти коронавирус (COVID-19), дар ҷаҳон 904 миллиону 920 ҳазор воя ваксина истифода шудааст.

Тибқи гузориши портали Ourworldindata.org, миқдори аз ҳама зиёди вояи ваксина дар ИМА - 209 миллиону 410 ҳазор истифода шудааст.

Пас аз он Чин - 192 миллиону 130 ҳазор доза, Ҳиндустон - 123 миллиону 850 ҳазор, Британиёи Кабир - 42 миллиону 780 ҳазор, Бразилия - 32 миллиону 950 ҳазор, Олмон - 21 миллиону 950 ҳазор, Туркия - 20 миллиону 284 ҳазор, Фаронса - 17 миллиону 10 ҳазор, Индонезия - 16 миллиону 690 ҳазор, Русия - 16 миллиону 170 ҳазор ҷойгиранд.

Аз рӯи миқдори воя, ки ба ҳар 100 нафар аҳолӣ истифода шудааст, Исроил дар ҷойи аввал мебошад. Теъдоди вояи ваксина, ки то имрӯз дар ин кишвар истифода шудааст, аз шумораи аҳолӣ зиёд аст - ба ҳар 100 нафар 119,32 воя.

Пас аз он Ҷазираҳои Сейшел - 114,09 воя, Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) - 97,37, Чили - 68,84, Баҳрайн - 63,32, Сан-Марино - 63,03, Британияи Кабир - 63,02, ИМА – 62,21, Мальта – 62,20, Бутан – 62,02, Монако – 58,49 ва Малдив – 57,97... ҷойгиранд.

Дар Осиё, дар маҷмӯъ, 411 миллиону 390 ҳазор воя, Амрикои Шимолӣ - 237 миллиону 350 ҳазор, Аврупо - 178 миллиону 970 ҳазор, Амрикои Ҷанубӣ - 60 миллиону 230 ҳазор, Африқо - 15 миллиону 280 ҳазор, Океания - 1 миллиону 690 ҳазор воя истифода шудааст.