Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

СҲШ: Cубот муҳимтар аз ҳама


12.04.2021 10:12

: 56

Маъмурияти Вилояти Мухтори Шинҷон-Уйғур сиёсати зиддитеррористӣ ва чораҳои мушаххаси мубориза бо се нерӯи бадиро таҳия кардааст.

Баъзе кишварҳо қатъияти Чинро дар ин масъала дастгирӣ мекунанд, баъзеи дигар дар паси сиёсати “стандартҳои дугона” пинҳон мешаванд. Аммо, беҳтар шудани вазъи амнияти ҷамъиятӣ дар Шинҷон исбот мекунад, ки мубориза бо “се нерӯи бадӣ” (терроризм, экстремизм ва ҷудоихоҳӣ) амниятро таъмин намуда ва ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаи ғарбии Чин мусоидат мекунад

Терроризм дар Шинҷон дирӯз ба вуқӯъ наомадааст. Дар охири асри 19 ва 20 ҷудоихоҳон аз дигар кишварҳо ва тундгароёни динӣ тасмим гирифтанд, ки ба истилоҳ “Туркистони шарқӣ”-ро созмон диҳанд. Пас аз хатми ҷанги сард дар заминаи сепаратизм терроризм ба вуҷуд омад, ки ҳадафи он ҷудосозии Шинҷон аз Чин аз тариқи зӯроварӣ буд.

Солҳои зиёд Шинҷон аз сепаратизми миллӣ, радикализми динӣ ва терроризм азият кашид. Тибқи омори нопурра, аз соли 1990 то охири соли 2016 дар Шинҷон ҳазорҳо ҳамлаҳои террористӣ рух додаанд, ки дар натиҷа садҳо корманди полис ба ҳалокат расидаанд. Сенарияро ба се марҳила тақсим кардан мумкин аст.

Марҳилаи аввал. Аз соли 1990 то ҳодисаҳои “11 сентябр”. Ҷудоихоҳон терроризмро барои халалдор кардани амният ва суботи Шинҷон оғоз карданд. Масалан, 5 апрели соли 1990 зиёда аз 200 нафар ҷангҷӯён бо ташаббуси “Ҳизби исломии Туркистони Шарқӣ” (як гурӯҳи экстремистии мамнӯъ) ба маъмурияти шаҳраки Барин, уезди Актои Вилояти Мухтори Шинҷону Уйғур ҳамла карданд. Даҳ нафар гаравгон гирифта ва шаш корманди полис кушта шуданд. Ду мошинро тарконданд.

Марҳилаи дуюм. Пас аз “11 сентябр” то 5 июл. Дар ин давра террористон ва ҷудоихоҳон нисбатан ором буданд, дар ин муддат дар Шинҷон хеле кам амали хушунатомез ба амал омад. Аммо, ҷинояти сангин, ки 5 июли соли 2009 содир шуд, боиси марги 197 нафар, захмӣ шудани беш аз 1700 нафар ва сӯхтаву нобуд шудани 13 дӯкон ва 1325 мошин гардид. Ин фоҷиа равшан намуд, ки Шинҷон бо таҳдидҳои бесобиқаи амниятӣ ва хатарҳои пинҳонӣ рӯбарӯ аст. Ҳодисаи “5 июл” ибтидои шиддат гирифтани ҳамлаҳои террористӣ дар минтақаи мухтор гардид.

Марҳилаи сеюм. Аз ҳодисаи “5 июл” то роҳандозии маҷмӯи тадбирҳо барои аз байн бурдани радикалҳо дар Вилояти Мухтори Шинҷону Уйғур. Яке аз хусусиятҳои ин давра созиши нерӯҳои ҷудоихоҳ бо созмонҳои байналмилалии террористӣ буд. Соли 2015 мақомоти Шинҷон гуфтанд, ҳолатҳое буданд, ки шинҷониҳо барои иштирок дар созмони террористии “Давлати исломӣ” (ташкилоти террористии мамнӯъ) сарҳадро убур кардаанд. Бино ба гузоришҳои расонаҳо, беш аз 300 шаҳрванди Чин ба созмонҳои байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ пайвастаанд. Моҳи марти соли 2017, дар як видеои нашркардаи ДИ ҷангҷӯён буданд, ки гӯё аз Шинҷон рафтаанд.

Ли Вэй, директори Пажӯҳишгоҳи амният ва назорати яроқи назди Академияи муносибатҳои муосири байналмилалии Чин изҳор дошт, ки “ҷиҳодиён”-и чинӣ тавассути каналҳои гуногун ба ДИ пайвастаанд. Ҳадафи ниҳоии онҳо - бо нияти ҳамлаҳои нави террористӣ ба Чин ворид шудан аст. Тибқи маълумоте, ки дар Китоби сафед оид ба мубориза бо терроризм, мубориза бо рӯйдодҳои ифротгароёна ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Шинҷон нашр шудааст, аз соли 2011 то охири соли 2016 дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ ва амалҳои зӯроварона 212 нафар кушта ва 531 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Дар мубориза бар зидди “се нерӯи бадӣ” ҳукумати Чин мавқеи рӯшан дорад - буридани ин омоси бадсифат. Чин тасмим гирифтааст, ки дар баробари афзалият додан ба талошҳои пешгирӣ ба терроризм зарба занад. Тадбирҳои ҳамаҷонибаи зиддитеррористие, ки мақомоти Шинҷон тибқи қонун амалӣ мекунанд, натиҷаҳои намоён нишон доданд.

Аз соли 2014 то аввали соли 2019 беш аз 1,5 ҳазор гурӯҳ барҳам дода шуд, 12995 нафар шахсони ба терроризм алоқаманд дастгир карда шуданд, 2052 дастгоҳи тарканда мусодира ва тақрибан 345 000 филми таблиғотии ғайриқонунии мазҳабӣ ёфт шуданд.

Сулҳ ва амният дар Шинҷон – кафили рушди бомуваффақияти он ва баланд бардоштани некӯаҳволии сокинони маҳаллӣ мебошад. Ҳамин тавр, тибқи омор, дар соли 2018 Шинҷон 150 миллион сайёҳони дохиливу хориҷиро қабул кардааст. Ин нисбат ба соли қаблӣ 40% зиёдтар аст.

Бо вуҷуди ин, азм ва амали Чин дар мубориза бо терроризм аз ҷониби баъзе кишварҳо интиқод мешавад. Дар ин робита, набояд фаромӯш кард, ки мубориза бо терроризм дар Шинҷон ҷузъи муҳими фаъолияти зиддитеррористии байналмилалӣ мебошад.

Тадбирҳои андешидаи Шинҷон густариши терроризмро самаранок пешгирӣ мекунад. Бахусус, вақте ки террористон аз дигар кишварҳо дар шимоли Афғонистон ҷамъ меоянд ва ин вазъи амниятиро дар тамоми АвруОсиё мушкилтар мекунад.

Имрӯз тамоюли рушд дар қитъаи АвруОсиё ошкорбаёнӣ, ҳамкорӣ ва рушди муштарак мебошад. Ҳама кишварҳои сулҳҷӯ ба терроризм имконият намедиҳанд, ки рушд ва суботи минтақаро халалдор кунанд.


Александр Установ

“Российская Газета”


Комментарии для сайта Cackle