Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Дар саргаҳи тамаддун


14.04.2021 10:36

: 56

Мақомоти фарҳанги Тоҷикистон дар ҳоле аз шомил гардидани нуҳ объекти таърихию фарҳангии дигар аз Тоҷикистон ба феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО хабар доданд, ки гуфта мешавад, дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардидани мероси таърихию фарҳангии мо кори тасодуфӣ ва соддае нест! 

“Дар сатҳи Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта ва эътироф шудани мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик кори саҳлу содда ва амри тасодуфӣ нест. Ин, дар воқеъ, эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибфарҳангу соҳибтамаддун, соҳиби таърихи зиёда аз 5500-сола ва шаҳрсозу давлатдор аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки то имрӯз бо дастуру супоришҳои роҳбариятии олии кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоту идораҳои дахлдори соҳавӣ ҷиҳати дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани мероси таърихию фарҳангӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонидаанд”, - хабар додааст Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО Мирзошариф Абдусаломов, дар матлабе, ки дар сомонаи ин Вазорат нашр шуд.

Ишора шудааст, ки хатсайрҳои Шоҳроҳи бузурги таърихии “Абрешим”, ки тавассути кишвари мо мегузарад, дар долонҳои он объектҳои таърихию фарҳангии сатҳи байналмиллалӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла, дар долони “Зарафшон-Қайроқум” 9 (нуҳ) адад объектҳои таърихию фарҳангӣ аз қабили “Панҷакенти Қадима”, “Шаҳраки Санҷаршоҳ”, “Шаҳраки Ҳисорак”, “Гардани Ҳисор”, “Қалъаи Муғ”, “Қум”, “Тали Хамтуда”, низоми обёрикунии “Токсанкорез” ва Мақбараи “Хоҷа Муҳаммади Башоро” мавҷуданд. Ин ёдгориҳо солҳои сол аз ҷониби муҳаққиқону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ таҳқиқу кашф ва ҳафриёт гардидаанд. Ҳамзамон, аз ҷониби мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур таҳия ва такмил гардида, ба идораи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ЮНЕСКО барои ворид намудан ба феҳристи ҷаҳонӣ ирсол карда шуд:

“Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки аллакай парвандаҳои номинатсионии 9 (нуҳ) адад объекти таърихию фарҳангии долони “Зарафшон-Қайроқум” аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аз нигоҳи техникӣ дуруст ва комило арзёбӣ шуда, ин объектҳо расман ба Феҳристии пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд”, - навиштааст муаллиф.

Зикр мегардад, ки корҳои мукаммалгардонии номинатсияҳои мазкур аз ҷониби мутахассисону кормандони соҳа мунтазам ҷараён дорад. Инчунин корҳои тармиму барқарорнамоӣ ва ба талаботҳои ЮНЕСКО ҷавобгӯ намудани объектҳои таърихию фарҳангӣ вазорату идораҳои ваколатдор тибқи барномаҳои давлатӣ ва дигар супоришҳои дахлдор, барои ба Феҳристии асосӣ шомил намудани ин ёдгориҳо корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд.


Комментарии для сайта Cackle