Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ даргузашт


14.04.2021 09:28

: 124

Руҳонии маъруфи тоҷик домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ шаби 13-уми апрел дар 80-солагӣ даргузашт.

Ба гуфтаи наздиконаш, домулло чаҳор рӯзи охир бистарӣ буд ва аз бемории зуком ранҷ мебурд. Бино ба хабарҳо, чанд моҳ пеш дар бемористони Қарияи Боло дар Душанбе низ муолиҷа гирифтааст.

Донишманди тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо домулло Ҳикматуллоҳро яке аз муҳимтарин меҳварҳои исломи суннатӣ дар кишвар ва шахсияти сатҳу аҳаммияти умумимиллӣ номид, ки бо рафтани ӯ “бе гумон як қутби маънавии ҷомеа кам шуд, як ҷабҳаи истодагарии милливу мазҳабӣ рафт”.

Ба гуфтаи Раҳнамо, домулло Ҳикматуллоҳ “яке аз муҳимтарин меҳварҳои исломи суннатӣ дар кишвар” ва “шахсияти сатҳу аҳаммияти умумимиллӣ” буд:

“Муҳити динӣ ва маънавии мо як ҳавзаи дигар холитар гашт, амнияти эътиқодии мардум як дараҷаи дигар осебпазиртар шуд. Будани эшон дар замони фитнаҳои фикрию динӣ яке аз рамзҳои суннату асолату устуворӣ буд. Барои мазҳаб, барои миллат ва ҳатто барои давлат”, - навишт ӯ дар таъзияномааш.

Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ таълими ибтидоии диниро дар замони Шӯравии собиқ ва дар назди Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хӯҷаи Кӯлобӣ ва Домулло Шералии Андиҷонӣ гирифта, сипас, дар мактаби Мавлавии Ҳиндустонӣ таҳсил кардааст. Ӯ аз ҷумлаи олимони диние маҳсуб мегардад, ки мактаби худро дошта ва садҳо шогирдонро ба воя расондааст.

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ соли 1941 дар деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст.

Маросими видоъ ва бахоксупории ӯ имрӯз, 14 апрел, дар зодгоҳаш ноҳияи Тоҷикобод баргузор мешавад.


Комментарии для сайта Cackle