Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Ҳушдор аз парвози пурхатар ба Русия


14.04.2021 08:22

: 138

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз сокинони ҷумҳурӣ хостааст, ки аз сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҷиҳати сафар ба Русия худдорӣ намоянд. Ҳамчунин хоста шудааст, ки шаҳрвандон зимни харидорӣ аз чиптаҳои ҳавоии ширкати “Уралские авиалинии” ба доми қаллобон гирифтор нашаванд, зеро баъди ворид гардидани шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар Русия барои онҳо мушкил пеш меояд.

Ёдрас мекунем, ки парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Русия аз 1 апрел барқарор шуда, айни замон ба шаҳри Маскав тавассути ду ширкати ҳавопаймоӣ - “Сомон Эйр” ва “Ют Эйр” ҳафтае якмаротибаӣ парвозҳо сурат мегиранд.

Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, нархи сафар аз ду ҷониб 500 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аммо дар ин миён нафароне низ ҳастанд, ки дар фурӯши чиптаҳои ҳавоӣ дар масири Душанбе – Москва даст ба қаллобӣ мезананд. Аз ҷумла, ахиран мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе аз ошкор шудани ду нафаре хабар доданд, ки бо маслиҳати пешакӣ ба муштариён чиптаҳои ҳавопайморо аз нархи муқарраргашта гарон ба фурӯш гузоштаанд.

Ҳамзамон ба ин бо мақсади бозгашти шаҳрвандони Русия баъд аз пандемия ва дар давоми пандемия ҳукумати он кишвар парвозҳои чартериро барои ширкати “Уралские авиалинии” ба 7 шаҳру вилояти Русия иҷозат додааст, ки ба маълумоти мақомот, арзиши чиптаҳои ҳавоӣ ду баробар нисбат ба чиптаҳои ҳавоии мустақим зиёд мебошад.

Зимнан, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тибқи Амри Ҳукумати Русия, аз 16 марти соли 2020, № 635-р барои ворид шудан ба қаламрави Русия асос доранд, метавонанд аз хатсайри ҳавоии мазкур истифода намоянд.

Ёдрас мекунем, ки 4 декабри соли 2020, дар зимни сафари Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Маскав, ба ин қарор тағйиру иловаҳо ворид гардид. Тибқи ин Қарор, то кушода шудани марзҳо ва барқарории алоқаи ҳавоӣ ва нақлиётии доимӣ, сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия маҳдуд буда, танҳо категорияҳои муайяни шаҳрвандон озими он кишвар шуда метавонанд.

Ҳушдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан Вазорат гуфт, ҳамарӯза 2-3 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳангоми бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба қаламрави Русия ворид шудан дастгир гардида, ба ватан бозпас гардонида мешаванд:

“Ҳангоми ворид шуданашон ба қаламрави Русия боздошт гардида, баъди санҷида баромадани дурустии ҳуҷҷатҳои тиббӣ ва дар натиҷаи ғайри расмӣ будан, пас аз ду-се рӯзи боздошт дар Хадамоти сарҳадбонии Русия, ба ватан бозпас гардонида мешаванд”, - омадааст дар иттилоияи Вазорат.

Ҳамакнун таъкид шудааст, ки нафароне, ки мақсади сафар ба Русияро доранд, бо бовар кардан ба миёнаравони тақаллубкор ҳаёти худро зери хатар нагузоранд.


Комментарии для сайта Cackle