Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

ИМА Русияро ба бадномкунии Байден айбдор кард


17.03.2021 08:31

: 95

Хадамоти иктишофии ИМА дар гузорише гуфтааст, Русия ва Эрон кӯшиш карданд, ки ба натиҷаи интихоботи соли гузашта дар ин кишвар таъсир расонанд, аммо ноком шуданд.

Русия, ба гуфтаи муаллифони гузориш, ба фарқ аз соли 2016, кӯшиши рахна кардани системаҳои сабти овоз ва овоздиҳии раъйдиҳандагонро накарда, аммо дезинформассияро паҳн кардааст, то дар интихоботи нав ба Доналд Трамп имконоти бештар фароҳам созад.

Муаллифони гузориш ба хулосае омаданд, ки президенти Русия Владимир Путин шахсан ба гузаронидани маъракаи васеъ барои бадном кардани номзадии Ҷо Байден ва таъсир расонидан ба атрофиёни Доналд Трамп иҷозат додааст.

Ба навиштаи New York Times, ҳарчанд дар ин гузориш номҳои мушаххас зикр нашудаанд, ба назар мерасад, пеш аз ҳама, дар бораи адвокати собиқи шахсии Трамп Рудолф Ҷулиани, ки бо тамоми қувва мавзӯи фасодро таҳия кардааст, сухан меравад:

“Мансабдорони Русия, инчунин шахсони сеюм, ки ба манфиати Кремл амал мекунанд, ҳадафмандона барои тағйир додани афкори ҷамъиятии Амрико кор кардаанд”, - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

Ҳамакнун, тибқи гузориши шабакаи телевизионии CNN, дар иртибот бо нашри ин гузориш, Кохи Сафед ҳафтаи оянда таҳримҳои нав алайҳи Русияро эълом мекунад.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Русия дар Иёлоти Муттаҳида иттиҳоми хадамоти ҷосусии Амрикоро ба интихобот беасос номидааст.

Ҳисоботи иктишофии ИМА асосан он чизеро такрор мекунад, ки як сол пеш паҳн шуда буд: дар соли 2020 ягон қудрати хориҷӣ маъракаи густардае барои таъсир ба овоздиҳандагони амрикоӣ надошт, ба мисли он ки Русия дар соли 2016 ба почтаи электронии Ҳизби демократ ҳамлаи ҳакерӣ анҷом дода буд.

Дар ин гузориш инчунин аз Чин ёдоварӣ шудааст, ки ба гуфтаи таҳлилгарони амрикоӣ, дар ибтидо ба натиҷаи интихобот таъсир гузоштанӣ буд, аммо баъдан тасмим гирифт, ки ин гуна талошҳо беҳуда хоҳанд буд ва ҳатто метавонад ба оқибатҳои манфии Пекин оварда расонад.


Комментарии для сайта Cackle