Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Русияро дар “Евровидение-2021” тоҷикдухтар намояндагӣ мекунад


09.03.2021 09:45

: 291

Русияро дар “Евровидение-2021” овозхони зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин намояндагӣ мекунад. Шабакаи якуми телевизиони Русия эълон кард, ки барои иштироки ӯ дар ин озмун тамошобинон овоз доданд.

Манижа дар Роттердам суруди “Russian woman”-ро иҷро хоҳад кард.

Антон Беляев ва гурӯҳи Therr Maitz, гурӯҳи 2Mashi ва овозхон Манижа Сангин довталабон барои ширкат дар “Евровидение-2021” аз Русия буданд. Қаблан гурӯҳи Little Big аз иштирок дар интихоби довталаб даст кашид.

“Евровидение-2021” рӯзҳои 18-22 май дар шаҳри Роттердами Нидерланд баргузор шуда, дар он сарояндагони 41 кишвар ширкат мекунанд.

Манижа Сангин, ки бо тахаллуси Manizha маъруф аст, соли 1991 дар Душанбе ба дунё омада, ҳоло дар Русия зиндагӣ мекунад. Ӯ соли гузашта нахустин сафири ҳусни нияти намояндагии Агентии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон дар Русия пазируфта шуд.


Комментарии для сайта Cackle